,
Якшанбе, 22-декабр
Бо мақсади баланд бардоштани савияи донишу малакаи донишҷӯён дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ як қатор маҳфилҳои илмӣ-амалӣ фаъолият менамоянд. Яке аз чунин маҳфилҳо ин маҳфили “Рӯзноманигори ҷавон”-и назди кафедраи журналистикаи факултети филологияи тоҷик ва журналистика ба ҳисоб меравад, ки санаи 23.02.2024 маҳфили навбатии он баргузор гардид.
Дар маҳфил Алишери Абдулмаҷид - мудири кафедраи журналистика, Муродов Ҷамил - роҳбари маҳфили мазкур ва донишҷӯён иштирок доштанд.
Маҳфил бо сухани ифтитоҳии роҳбари маҳфил Муродов Ҷамил оғоз гардида, мавсуф оид ба маърӯзаҳои баррасишавандаи маҳфили имрӯза ба ҳозирин маълумот доданд.
Сипас, Мунисаи Маҳмарабӣ, донишҷӯи курси сеюми ихтисоси рӯзноманигорӣ дар мавзуи “Ҷавобгарӣ дар Васоити ахбори омма” ва Азизмадзода Сироҷиддин дар мавзуи “Зерсарлавҳа” маърӯзаҳои худро баромад намуданд.
Дар охир маҳфил бо саволу ҷавоб миёни маърӯзачиён ва аъзоёни маҳфил ба анҷом расид.