, Панҷшанбе, 21-ноябр

БАРГУЗОРИИ ҲАМОИШИ ИЛМӢ-НАЗАРИЯВӢ ДАР МАВЗУИ “МАСЪАЛАҲОИ МУБРАМИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ”

 22.02.2024 181

БАРГУЗОРИИ ҲАМОИШИ ИЛМӢ-НАЗАРИЯВӢ ДАР МАВЗУИ “МАСЪАЛАҲОИ МУБРАМИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ”

Санаи 22-юми феврали соли равон дар факултети таърих, ҳуқуқ ва муносибатҳои байналмилалии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ҳамоиши илмӣ-назариявӣ таҳти унвони “Масъалаҳои мубрами маърифати ҳуқуқӣ” бахшида ба эълон гардидани соли 2024 - “Соли маърифати ҳуқуқӣ” баргузор гардид.

Дар ҳамоиш декани факултет, номзади илмҳои сиёсӣ, дотсент Ҳусайнзода Аминҷон, мудири кафедраи ҳуқуқшиносӣ, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ Мазарипов Манучеҳр ва дигар омӯзгорону донишҷӯёни факултет иштирок доштанд.

Ҳамоишро декани факултет оғоз намуда, доир ба мавзуъҳои баррасишавандаи ҳамоиш ба ҳозирин маълумот дода, қайд карданд: “Дар радифи дигар дастовардҳои муҳим яке аз муваффақияти ҷомеаи мо дар даврони соҳибистиқлолӣ қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб мешавад. Имсол аз қабули ин санади тақдирсоз 30 сол сипарӣ мешавад. Ба ин муносибат Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли равонро Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон намуданд. Ҳар қадаре, ки сатҳи маърифати ҳуқуқии ҷомеа баланд бошад, ҳамон андоза кафолати рушди босуботи мамлакат таъмин мегардад. Новобаста аз касбу кор имрӯз зарурат пеш омадааст, ки шуури ҳуқуқии мардум баланд бардошта шавад. Ин имкон медиҳад, ки фаъолияти бонизом ва самараноки тамоми ниҳодҳои давлатӣ ва ҷомеа шаҳрвандӣ таъмин шавад”.

Сипас, Асоев Амирҷон, асистенти кафедраи ҳуқуқшиносӣ дар мавзуи “Маърифати ҳуқуқӣ-кафили зиндагии шоиста” ва Мирзоев Некқадам ассистенти кафедраи мазкур дар мавзуи “Манфиатҳои Нақши оила дар тарбияи ҳуқуқии фарзандон” маърӯзаҳои худро ироа намуданд.

Дар охир ҳамоиш бо саволу ҷавоб ва музокироти устодону донишҷӯён ба анҷом расид.




Ба рӯйхат