, Якшанбе, 08-декабр

БАРГУЗОРИИ ДАРСИ КУШОДИ ТАРБИЯВӢ

 22.02.2024 223

БАРГУЗОРИИ ДАРСИ КУШОДИ ТАРБИЯВӢ

Санаи 22.02.2024 дар факултети филологияи руси Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ аз ҷониби номзади илмҳои филологӣ Нурматова Зарина дар гурӯҳи таълимии 202-и ихтисоси забон ва адабиёти рус дарси кушоди тарбиявӣ дар мавзуи “23-феврал Рӯзи Артиши миллӣ” бахшида ба Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар дарс декани факултет, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Шарифзода Одинамо, мудири кафедраи адабиёти хориҷӣ бо МТЗАР, дотсент Ғуломова Садбарг, мудири кафедраи забони муосири рус, номзади илмҳои филологӣ, ҳамзамон куратори гурӯҳи академии мазкур Нурматова Зарина, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Раҳимова Савронбӣ ва дигар омӯзгорон иштирок доштанд.

Муаллим Нурматова Зарина дарсро тибқи муқаррароти мактаби олӣ оғоз намуда, зимни ироаи маълумот доир ба мавзуъ, иброз намуданд, ки хизмат кардан дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ вазифаи муқаддаси ҳар як фарзанди бонумуси мамлакатамон мебошад. Имрӯз инсоният дар симои терроризми байналмилалӣ бо душмани фарди бераҳму шавқат ва маккоре рӯ ба рӯ омадааст, ки тамоми меъёрҳои ахлоқӣ ва арзишҳои умумиинсониро поймол карда, барои расидан ба ҳадафҳои нопокӣ худ аз ягон ваҳшоният рӯй намегардонад. Шарти муҳими ба даст овардани муваффақият дар мубориза бо терроризм фаъолияти ҳамоҳангшудаву босамари мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва Артиши миллӣ дар ин самт мебошад.

Сипас, донишҷӯи гурӯҳи таълимӣ Маҳмудзода Бибиоиша дар мавзуи “Рӯзи Артиши миллӣ” маърӯзаи худро ироа намуд.

Баъдан аз ҷониби донишҷӯёни гурӯҳ дар васфи Ватан, Артиши миллӣ ва матонату қаҳрамонии сарбози тоҷик шеъру таронаҳо ироа гардид.

Бояд қайд кард, ки дар дарс донишҷӯён хело фаъол буданд ва ба суолҳои пешниҳоднамудаи омӯзгор ҷавобҳои мушаххас гардониданд.

Дар охир ҳозирин дарсро хуб баҳо дода, нақши баргузории чунин дарсҳои кушодро дар тарбияи маънавӣ ва ватандӯстии ҷавонон муҳим арзёбӣ намуданд.




Ба рӯйхат