, Якшанбе, 22-декабр

ЧОРАБИНИИ ИЛМӢ-БАДЕӢ ДАР ФАКУЛТЕТИ ФИЛОЛОГИЯИ РУС

 21.02.2024 252

ЧОРАБИНИИ ИЛМӢ-БАДЕӢ ДАР ФАКУЛТЕТИ ФИЛОЛОГИЯИ РУС

Санаи 21.02.2024 дар факултети филологияи руси Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бахшида ба 255-солагии адиби рус Иван Крилов чорабинии илмӣ-фарҳангӣ баргузор гардид.

Дар чорабинӣ декани факултет, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Шарифзода Одинамо, мутахассиси раёсати илм ва инноватсия Сайдалиева Фотима, мудири кафедраи адабиёти хориҷӣ бо МТЗАР, дотсент Ғуломова Садбарг, мудири кафедраи забони муосири рус, номзади илмҳои филологӣ Нурматова Заррина, сардори маркази “Фазои русӣ”, номзади илмҳои филологӣ Ашуров Азамат, дотсенти кафедраи адабиёти хориҷӣ бо МТЗАР Гиёев Абдуназар ва дигар омӯзгорону донишҷӯён иштирок доштанд.

Чорабиниро декани факултет Шарифзода Одинамо ҳусни оғоз бахшида, қайд намуд, ки “Иван Андреевич Крилов яке аз адибони машҳури рус ба ҳисоб меравад. Ӯ зиёда аз 200 китоб, афсона, қисса ва дигар намунаҳои назмиву насриро таълиф намудааст. Дониш ва истеъдоди ҳамаҷонибаи И.А.Крилов ба ӯ имкон дод, ки дар дигар соҳаҳои фаъолият муваффақият ба даст орад. Опера эҷод мекард, маҷаллаҳои ҳаҷвӣ ва таълимӣ нашр мекард, котиби шахсӣ ва муаллими хонагӣ шуда, дар кори ҷамъиятҳои гуногун иштирок кардааст.

Сипас, донишҷӯён аз эҷодиёти шоир шеъру ҳикояву афсонаҳо ироа намуданд. Ҳамзамон донишҷӯён аз суханони бузургон доир ба маҳбубияту шуҳрати ҷаҳонии Крилов иқтибосот оварданд.

Дар қисмати дигари чорабинӣ гурӯҳи донишҷӯён зери наво суруду таронахонӣ намуданд.




Ба рӯйхат