, Чоршанбе, 11-декабр

ТАҶЛИЛИ РӮЗИ АРТИШИ МИЛЛӢ ДАР ФАКУЛТЕТИ ФИЛОЛОГИЯИ ТОҶИК ВА ЖУРНАЛИСТИКА

 21.02.2024 218

ТАҶЛИЛИ РӮЗИ АРТИШИ МИЛЛӢ ДАР ФАКУЛТЕТИ ФИЛОЛОГИЯИ ТОҶИК ВА ЖУРНАЛИСТИКА

Санаи 21-юми феврали соли 2024 дар факултети филологияи тоҷик ва журналистикаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бахшида ба 31-юмин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мақсади баланд бардоштани тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстии ҷавонон ҳамиши бадеӣ-фарҳангӣ таҳти унвони “Артиши такягоҳи давлат - сипари миллат” баргузор гардид.

Дар ҳамоиш доктори илмҳои филологӣ, профессор Ашурова Нодира, декани факултет дотсент Зулфиев Гадомад, ҷонишини декан оид ба таълим, дотсент Шамшоди Ҷамшед, мудири кафедраи адабиёти тоҷик, дотсент Холиқова Зайналбӣ, мудири кафедраи журналистика Алишери Абдулмаҷид ва дигар омӯзгорону донишҷӯёни факултет иштирок доштанд.

Сухани ифтитоҳиро декани факултет Зулфиев Гадомад оғоз намуда, иштирокчиёнро бо Рӯзи Артиши миллӣ, ки ҳамасола 23-юми феврал ҷашн гирифта мешавад, табрику таҳният гуфта, ба онҳо бурдборӣ ва муваффақият дар корҳои илмию эҷодӣ таманно намудан. Ҳамзамон, зимни баромади хеш мавсуф қайд карданд: “Боиси ифтихору фараҳмандист, ки бо дастгирӣ ва кушишу талошҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешпои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 23 – юми феврали соли 1993 Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфт, ки мо имрӯз дар фазои сулҳу оромӣ ва шукуҳу шаҳомати хоса 31 – солагии онро дар сатҳи баланд таҷлил мекунем. Дар остонаи ин ҷашни фархунда мо беихтиёр замони ташкилёбию роҳи пуршарафти тай намудаи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки кафили сулҳу амонӣ ва истиқлолияти кишвар мебошад, ба хотир меорем”.

Ҳамзамон, яке аз омӯзгорони ҷавони кафедраи журналистика, ҳамзамон ҷавоне, ки хизмати ҳарбиро сарбаландона дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон адо намудааст - Муродов Ҷамил ба сухан баромада, аз шарту шароит дар қисмҳои ҳарбӣ ва дастгирҳои пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба сарбозону афсарон ёдовар шуда, аз ҷавонон даъват ба амал оварданд, ки қарзи имонию шаҳрвандии худро назди Ватан-модар ба ҷо оранд.

Дар қисмати фарҳангии ҳамоиш аз ҷониби донишҷӯён барномаи фарҳангӣ иборат аз шеърҳои ватандӯстона, саҳначаҳои тарбиявӣ ва суруду таронахонӣ намуда, ба чорабинӣ ҳусни дигар бахшиданд.




Ба рӯйхат