,
Шанбе, 21-декабр
Санаи 20-уми феврал дар кафедраи илмҳои компютерии факултети физика ва математикаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ семинари илмӣ-назариявии назди кафедра баргузор гардид.
Дар семинар муовини ректор оид ба илм ва инноватсия, номзади илмҳои педагогӣ, дотсенти кафедраи мазкур Рафиев Сафархон, мудири кафедра, номзади илмҳои техникӣ, дотсент Шарипов Аламшо ва ҳайати омӯзгорони кафедра иштирок доштанд.
Семинарро мудири кафедра, дотсент Шарипов Аламшо кушода, ба ҳозирин доир ба мавзуи баррасишаванда маълумот дод.
Дар зимн тибқи нақшаи баргузории семинарҳои илмӣ-назариявӣ дотсенти кафедра Рафиев Сафархон дар мавзуи “Механизми таҳияи мақолаи илмӣ" маърӯзаи худро ироа намуда, маълумоти ҷолиби диққат ва асосноку илмиро манзури ҳозирин гардониданд.
Кори семинар бо мубодилаи афкори ҳайати омӯзгорон дар робита ба мавзуи болозикр ба поён расид.