,
Шанбе, 14-декабр
Санаи 19.02.2024 дар факултети молиявию иқтисодии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ҷиҳати таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Оид ба омӯзиши осори шоира Розияи Озод ва писараш академик Бобоҷон Ғафуров”, бо ибтиқори филиали ҶСП «Ҳумо» дар минтақаи Кӯлоб ва кафедраи молия ва қарзи донишгоҳ семинари омӯзишӣ баргузор гардид.
Дар кори семинар декани факултети мояливию иқтисодӣ, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Фатҳуллозода Абдухолиқ, мудири кафедраи молия ва қарз, дотсент Комилов Низомиддин, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Шамшоди Ҷамшед, номзади илмҳои иқтисодӣ, муаллими кафедраи молия ва қарз Сафаров Зулфиқор ва кормандони филиалҳои ҶСП «Ҳумо»-и ноҳияҳои Темурмалик, Данғара ва шаҳри Кӯлоб иштирок доштанд.
Пеш аз оғози семинар декани факултет, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Фатҳуллозода Абдухолиқ ва мудири кафедраи молия ва қарз номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Комилов Низомиддин суханронӣ намуда, ба кори тренинг барор хостанд.
Сипас, Зулфиқор Сафаров - номзади илмҳои иқтисодӣ, муаллими калони кафедраи молия ва қарз ва Шамшоди Ҷамшед - номзади илмҳои филологӣ, дотсенти кафедраи адабиёти тоҷик ҳамчун маърӯзачии тренинг масъалаҳои ҳаёт ва фаъолияти Розияи Озод ва нақши ӯ дар ташаккули шахсии фарзандонаш Бобоҷон ва Тоҷиниссо Ғафуровҳо муҳокима карда шуданд.
Қайд гардид, ки Бобоҷон Ғафуров дар муҳите тарбия ёфта буд, ки дар он муҳаббат ба илму дониш ва фарҳангу адаб арзиши баланд дошт. Аз ҷумла, модари ӯ шоираи номдор Розияи Озод, ки бо асарҳои адибони классики тоҷик, хусусан, бо осори устод Рӯдакӣ, Саъдӣ, Камоли Хуҷандӣ, Ҳофизу Бедил ва дигар шоирону донишмандон ошноии комил дошт, дар ташаккули шахсияти фарзанди худ нақши ҳалкунанда бозид. Ӯ барои фарзандонаш намунаи ибрат гардид, ки писараш, Бобоҷон Ғафуровро ба интихоби роҳи ояндаи худ водор сохт.