, Якшанбе, 08-декабр

БАРГУЗОРИИ СЕМИНАРИ ИЛМӢ-НАЗАРИЯВИИ ДАР КАФЕДРАИ СИЁСАТШИНОСӢ

 19.02.2024 248

БАРГУЗОРИИ СЕМИНАРИ ИЛМӢ-НАЗАРИЯВИИ ДАР КАФЕДРАИ СИЁСАТШИНОСӢ

Санаи 19 феврал дар кафедраи сиёсатшиносии факултети таърих, ҳуқуқ ва муносибатҳои байналмилалии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ семинари илмӣ-назариявии назди кафедра баргузор гардид.

Дар семинар мудири кафедра, номзади илмҳои сиёсӣ, дотсент Пирназаров Эмомназар ва ҳайати омӯзгорони кафедра иштирок доштанд.

Семинарро мудири кафедра, дотсент Пирназаров Эмомназар кушода, ба ҳозирин доир ба мавзуъҳои баррасишаванда маълумот дод.

Дар зимн тибқи нақшаи баргузории семинарҳои илмӣ-назариявӣ муаллими калони кафедра Изатов Умедҷон дар мавзуи “Таъмини амнияти миллии кишварҳои Осиёи Марказӣ дар шароити тағйипаирии ҷаҳон” ва ассистенти кафедра Зарифов Ҳабибулло доир ба "Инъикоси сиёсати хориҷии Тоҷикистон дар адабиётҳои илмӣ" маърӯзаҳои худро ироа намуда, маълумоти ҷолиби диққат ва асосноку илмиро манзури ҳозирин гардониданд.

Кори семинар бо  мубодилаи афкори ҳайати омӯзгорон дар робита ба мавзуъҳои фавқ ба поён расид.




Ба рӯйхат