, Ҷумъа, 27-декабр

МУҲОКИМАИ РИСОЛАИ НОМЗАДИИ ДОКТОРАНТИ PhD

 17.02.2024 252

МУҲОКИМАИ РИСОЛАИ НОМЗАДИИ ДОКТОРАНТИ PhD

Санаи 17 феврал дар факултети филологияи тоҷик ва журналистикаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ муҳокимаи рисолаи илмии докторанти PhD-и кафедраи забоншиносӣ ва таърихи забон Ситораи Абдурасул дар мавзуи “Ономастикаи романи “Восеъ”-и Сотим Улуғзода (ҷанбаи таърихӣ-забоншиносӣ)” зери роҳбарии илмии, доктори илмҳои филологӣ, профессор Ҷумъахон Алимӣ баргузор гардид.

Дар кори муҳокима роҳбарии илмӣ, доктори илмҳои филологӣ, профессор Ҷумъахон Алимӣ, декани факултети филологтияи тоҷик ва журналистика, дотсент Зулфиев Гадомад, муқарризони расмӣ, номзадони илмҳои филологӣ, дотсентон Гуламадшоев Шокиршо, Давлатова Фароғат ва ҳайати омӯзгорони кафедраҳои тахассусии факултет иштирок доштанд.

Дар рафти муҳокима муқарризони холис баромад намуда, ҳусну қубҳи рисолаи илмиро арзёбӣ намуда, пешниҳоду тавсияҳои худро ироа намуданд.

Ҳамин тариқ, рисолаи илмии докторанти PhD-и кафедраи забоншиносӣ ва таърихи забон Ситораи Абдурасул бо дарназардошти таклифу пешниҳодот анҷомёфта ҳисоб шуда, барои баррасӣ дар марҳилаҳои минбаъда тавсия дода шуд.

Раёсати Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ба диссертант ва роҳбари илмиаш барору комёбиҳо таманно намуда, ба ӯ дар ҷодаи илму дониш мувафаққиятҳои нав ба навро орзу менамоянд.




Ба рӯйхат