, Панҷшанбе, 16-май

БАРГУЗОРИИ МАҲФИЛИ “ҶАҲОНИ АНДЕША”-И КАФЕДРАИ ФАЛСАФА

 16.02.2024 22

БАРГУЗОРИИ МАҲФИЛИ “ҶАҲОНИ АНДЕША”-И КАФЕДРАИ ФАЛСАФА

Санаи 16-уми феврал дар факултети тарбияи ҷисмонӣ ва омодагии дифои ҳарбии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ маҳфили навбатии “Ҷаҳони андеша”-и назди кафедраи фалсафа бо иштироки васеи ҳайати омӯзгорони кафедра ва донишҷӯёни факултетҳои мухталифи донишгоҳ баргузор гардид.

Дар маҳфил мудири кафедра Ғаюров Лоиқ, муаллими калони кафедра Раҷабов Аминҷон, ассистентони кафедра Ҳасанов Маҳмадсаид, Мирзоев Суҳроб ва дигар омӯзгорону донишҷӯён иштирок доштанд.

Сараввал мудири кафедра Ғаюров Лоиқ суханронӣ намуда, ба кори маҳфил барор хостанд. Баъдан, роҳбари маҳфил Раҷабов Аминҷон доир ба рафти маҳфил ва пешбурди он баромад намуда, мавзуъҳои дар маҳфил баромадшавандаро ба иштирокчиён шинос намуданд.

Сипас Рӯзиева Сабрина, донишҷӯи курси дуюми факултети омӯзгорӣ ва фарҳанг дар мавзуи “Афкори фалсафии Буддоия” ва Абдураҳмонова Нозанин, донишҷӯи курси дуюми факултети таърих, ҳуқуқ ва муносибатҳои байналмилалӣ дар мавзуи “Бовари ба маод ва таъсири он ба ҳолати руҳии инсон”, маърӯзаҳои худро ироа намуданд.

Дар охир маҳфил бо саволу ҷавоб ва масъалагузорӣ барои махфилҳои оянда ба охир расид.




Ба рӯйхат

*/