, Панҷшанбе, 16-май

БАРГУЗОРИИ МАҲФИЛИ “МУҲОФИЗОНИ ҶАВОН”

 16.02.2024 28

БАРГУЗОРИИ МАҲФИЛИ “МУҲОФИЗОНИ ҶАВОН”

Бо мақсади баланд бардоштани савияи донишу малакаи донишҷӯён дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ як қатор маҳфилҳои илмӣ-амалӣ фаъолият менамоянд. Яке аз чунин маҳфилҳо ин маҳфили “Муҳофизони ҷавон”-и кафедраи мудофиаи гражданӣ ва омодагии дифои ҳарбии факултети тарбияи ҷисмонӣ ва омодагии дифои ҳарбӣ ба ҳисоб рафта, 16-уми феврал дар назди кафедра маҳфили навбатии он баргузор гардид.

Дар маҳфил декани факултет, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Наврӯз Носирӣ, мудири кафедра, генерали мустаъфӣ Азимов Раҷабалӣ, муаллими калон, ҳамзамон роҳбари маҳфил Ҷалилов Ғолибҷон ва донишҷӯёни факултет иштирок доштанд.

Нахуст, декани факултет, дотсент Наврӯз Носирӣ суханронӣ намуда ба кори маҳфил барор хостанд. Сипас, роҳбари маҳфил Ҷалилов Ғолибҷон ҳозиринро бо барномаи маҳфил шинос намуданд.

Баъдан, Ҷалолиддини Ҳ., донишҷӯи курси панҷуми факултет дар мавзуи “Сарчашмаҳои пайдоиши ҳуқуқҳои низоъҳои мусаллаҳона” ва Рамазони Абдусалом, донишҷӯи курси сеюми факултет дар мавзуи “Эвакуатсия ва ҷобаҷогузории аҳолӣ” баромад намуданд.

Дар охир маҳфил бо саволу ҷавоб ва муҳокимаи устодону донишҷӯён ба анҷом расид.




Ба рӯйхат

*/