,
Панҷшанбе, 21-ноябр
Раёсати Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ҷиҳати дар амал иҷро намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба беҳтар кардани вазъи экологии кишвар, инчунин, муҳайё намудани шароити ҳарчи беҳтар ва мусоиди зист барои аҳолӣ, ки зимни ироаи Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олӣ баён доштанд, имрӯз (15.02.2024) дар ҳудуди қитъаи заминҳои таҷрибавии донишгоҳ бо иштироки ҳайати васеи кормандон ва донишҷӯён маъракаи шинонидани дарахтони ҳамешасабзро баргузор гардонид.
Ҳайати кормандон ва донишҷӯёни донишгоҳ бо рӯҳияи баланди ватандӯстӣ ҷиҳати сарсабзу хуррам гардонидании муҳити зист ва баландбардории маърифати экологии шаҳрвандон дастаҷамъона заҳмат кашида, ба ин васила баҳри тозаву озода намудани қитъаи заминҳои таҷрибавии Донишгоҳ саҳми муносиб гузоштанд.
Тибқи маълумоти қисми ҳоҷагии Донишгоҳ дар ин маъракаи ниҳолшинонӣ бо истифода аз тавсияву машваратҳои агротехникии мутахассисон зиёда аз 200 адад дарахтони ҳамешасабзи ороишӣ шинонида шуд.
Иттилоъ дода шуд, ки Раёсати Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ иқдоми мазкурро минбаъд низ идома дода, ҳар ваҷаб қитъаҳои заминҳои таҷрибавии назди донишгоҳро самаранок истифода бурда, дар сабзу хуррамгардонии диёр тадбирҳои судмандро рӯйи кор меорад.