,
Панҷшанбе, 26-декабр
Санаи 15-уми феврал дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бо ташаббуси кафедраи фалсафа ҳамоиши илмӣ таҳти унвони “Заминаҳои меъёриву ҳуқуқии муқовимат бо экстремизм ва терроризм дар шароити истиқлолияти давлатӣ” дар ҳошияи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ аз 28.12.2024 ва эълон гардидани соли 2024 соли маърифати ҳуқуқӣ баргузор гардид.
Дар ҳамоиш мудири кафедра Ғаюров Лоиқ, номзади илмҳои сиёсатшиносӣ, дотсенти кафедраи фалсафа Сайдалиев Додарбек, сармутахасиси раёсати илм ва инноватсия Исуфов Шердил ва дигар омӯзгорону донишҷӯён иштирок намуданд.
Ҳамоишро мудири кафедра Ғаюров Лоиқ оғоз намуданд. Мавсуф зикр доштанд, ки масъалае, ки имрӯзҳо тамоми аҳли ҷомеаро ба ташвиш овардааст шомил шудани бархе аз ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои гуногун ва гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ мебошад. Дар шароити истиқлолияти давлатӣ заминаҳои меъёриву ҳуқуқии мубориза бо экстремизм ва терроризм аз ҷониби ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳайё гардидааст. Ҳамзамон эълон гардидани соли 2024 ҳамчун соли маърифати ҳуқуқӣ аз ҷониби Роҳбари давлат воситаи вусъат бахшидани шуурии ҳуқуқӣ ва ҷаҳонбинии ҳуқуқии наврасону ҷавонон ва оммаи мардум мебошад.
Сипас, дотсенти кафедра Сайдалиев Додарбек дар мавзуи “Омилҳои шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои террористӣ ва экстремистӣ дар шароити нави рушди ҷомеа”, муаллими калони кафедраи фалсафа Ҳасанов Муҳаммадсаид дар мавзуи “Заминаҳои меъёриву ҳуқуқии муқовимат бо экстремизм ва терроризм дар шароити истиқлолияти давлатӣ” ва Сафарзода Сироҷиддин донишҷӯи курси панҷуми факултети филологияи хориҷӣ дар мавзуи “Хатари кибертерроризм ба идеологияи миллии наврасону ҷавонон” маърӯзаҳои худро баромад намуданд.
Дар фарҷом ҳамоиш бо муҳокимаи устодону омӯзгорон ба анҷом расид.