,
Панҷшанбе, 21-ноябр
Дар таърихи 15-уми феврал дар факултети омӯзгорӣ ва фарҳанги Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ семинари илмӣ - назариявии назди кафедраи таҳсилоти томактабӣ ва кори иҷтимоӣ бо иштироки аъзоёни кафедра ва донишҷӯён баргузор гардид.
Нахуст, роҳбари маҳфил Назарова Хосият оид ба мавзуъҳои баррасишаванда суханронӣ намуда, ба кори семинар барор хостанд. Сипас, муаллими калони кафедра Табарова Зарторбӣ дар мавзуи “Бартариятҳои таҳсилоти фарогир дар ҷомеаи муосир”, ассистенти кафедра Шоимардонова Мунира дар мавзуи “Роҳҳои солимгардонии оила” ва ассистенти дигари кафедра Назарова Хосият дар мавзуи “Эҳсоси бахшидан яке аз роҳҳо солии оила” маърӯзаҳои худро ироа намуданд.
Дар охир миёни нишастагон ва баромадкунандагон мубодилаи афкор сурат гирифт.