, Ҷумъа, 08-ноябр

СЕМИНАРИ ИЛМӢ-НАЗАРИЯВӢ ДАР ФАКУЛТЕТИ ИҚТИСОД ВА ИДОРА

 14.02.2024 230

СЕМИНАРИ ИЛМӢ-НАЗАРИЯВӢ ДАР ФАКУЛТЕТИ ИҚТИСОД ВА ИДОРА

14 феврал дар кафедраи география ва сайёҳии факултети иқтисод ва идораи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ семинари илмӣ-назариявӣ баргузор гардид.

Дар семинар мудири кафедра, номзади илмҳои география, дотсент Гадоев Шералӣ ва ҳайати омӯзгорони кафедра иштирок доштанд.

Нахуст, мудири кафедра, дотсент Гадоев Шералӣ суханронӣ намуда, семинарро ҳусни оғоз бахшида, доир ба мавзуъҳои баррасишаванда маълумот доданд.

Сипас, муаллими калони кафедра Иброҳимова Рухшона дар мавзуи “Имконият ва рушди туризми ректеатсионӣ дар минтақаи Кӯлоб” ва ассистенти кафедраи мазкур дар мавзуи "Минтақаҳои озоди иқтисодии вилояти Хатлон" баромад намуданд.

Ҳамзамон қайд гардид, ки сайёҳии экологӣ яке аз намудҳои туризми табиӣ ба шумор меравад, ки ҳадафи асосии он муаррифии табиати бою рангини кишвар ба сайёҳон, ҳифзи табиат ва расондани таъсироти максималӣ ба комплексҳои табиӣ мебошад. Асоси туризми экологиро ҳимояи муҳити атроф ташкил медиҳад. Дар навбати аввал ташкили сайёҳат бо теъ­доди ками иштирокчиён ба минтақаҳои табиӣ ва бо зиёрати маконҳое, ки дорои аҳамияти таърихӣ-фарҳангӣ ҳастанд, бо мақсади амалӣ намудани барномаҳои муҳофизат ва истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ гузаронида мешавад. Мувофиқи тавсифи Ташкилоти Умумиҷаҳонии Туристӣ: «Туризми экологӣ – ин сайёҳати эҳтиёткорона ва пурмасъул ба минтақаҳои табиӣ, ки он ҷо ҳифзи муҳити атроф дар назар дошта шуда, эҳтироми мардуми маҳаллӣ бояд ҷо дошта бошад, ташкил карда мешавад».

Дар охир атрофи мавзуи мазкур миёни омӯзгорон мубодилаи афкор сурат гирифт ва аҳли нишаст фикру андешаи худро баён намуданд.




Ба рӯйхат