,
Якшанбе, 08-декабр
Санаи 14 феврал дар факултети филологияи руси Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ маҳфили навбатии ҷамъияти илмии донишҷӯёни факултети филологияи рус дар мавзуи “Русский язык-язык межнационального общения” баргузор гардид.
Дар маҳфил декани факултет, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Шарифзода Одинамо, сармутахассиси Маркази рушди касбият ва инноватсия Ғаниев Фирӯз, мудири кафедраи забони муосири рус, номзади илмҳои филологӣ Нурматова Заррина, мудири кафедраи адабиёти хориҷӣ ва МТЗАР, дотсент Ғуломова Садбарг, номзади илмҳои филологӣ Ашуров Азамат, мутахассиси дигари маркази болозикр Сироҷиддин Сафарзода ва дигар омӯзгорону донишҷӯёни факултет иштирок доштанд.
Нахуст, муаллима Нурматова Заррина суханронӣ намуда, оиди мавзуъҳои баррасишаванда маълумот доданд.
Сипас, Саидаи Шариф донишҷӯи курси 3-юми факултет дар мавзуи “Омӯзиши забонҳои хориҷӣ-тақозои замон”, донишҷӯи курси 2-юми факултет Суфиева Фариза дар мавзуи “Нақши забони русӣ дар самти муносибатҳои байналмилалӣ” ва магистранти курси 2-юми факултет Абдураҳмонова М. дар мавзуи “Забондонӣ омили муваффақият” маърӯзаҳои худро ироа намуданд.
Дар охир миёни маърӯзачиён ва ҳозирин оиди мавзуъҳои баррасишуда мубодилаи афкор сурат гардид.