, Панҷшанбе, 21-ноябр

БАРГУЗОРИИ МАҲФИЛИ “ҲУНАР ДОРӢ-ХАЗИНАИ ЗАР ДОРӢ”

 12.02.2024 200

БАРГУЗОРИИ МАҲФИЛИ “ҲУНАР ДОРӢ-ХАЗИНАИ ЗАР ДОРӢ”

Санаи 12 феврали соли 2024 дар факултети омӯзгорӣ ва фарҳанги Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ маҳфили “Ҳунар дорӣ - хазинаи зар дорӣ”-и назди кафедраи фанҳои гуманитарӣ ва методикаи таълими онҳо баргузор гардид.

Дар маҳфил муаллими калони кафедраи фанҳои гуманитарӣ ва методикаи таълими онҳо, номзади илмҳои педагогӣ, ҳамзамон роҳбари маҳфил Мирзоева Бунафша, муаллими калони кафедраи фанҳо гуманитарӣ ва методикаи таълими онҳо Пулодов Амирҳамза ва ҳайати омӯзгорону донишҷӯён иштирок доштанд.

Сараввал роҳбари маҳфил Мирзоева Бунафша, суханронӣ намуда, ба ҳозирин барномаи маърӯзаҳои баррасишавандаи маҳфилро маълумот доданд.

Сипас, донишҷӯи курси сеюми факултет Ғашова Фархунда дар мавзуи “Методикаи омӯзиши санъати қуроқдӯзӣ (қаламарезӣ)”, донишҷӯи курси дуюм Сабринаи Ҷаббор дар мавзуи “Методикаи тарбияи мусиқӣ ва созҳои мусиқӣ” маърӯзаҳои худро баромад намуданд.

Дар маҳфил маҳсули дасти донишҷӯён, аз қабили тасвири нақшу нигорҳои санъати кулолгарӣ, ки бо ёрии омӯзгорони дар рӯи коғаз тасвир шудаанд, ба маърази тамошо гузошта шуд.




Ба рӯйхат