, Сешанбе, 03-декабр

10 ФЕВРАЛ-РӮЗИ ГИРОМИДОШТИ АДИБИ РУС

 10.02.2024 239

10 ФЕВРАЛ-РӮЗИ ГИРОМИДОШТИ АДИБИ РУС

Санаи 10.02.2024 дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бо ташаббуси факултети филологияи рус ва Маркази “Фазои русӣ”-и донишгоҳ чорабинии илмӣ-фарҳангӣ ҷиҳати гиромидошти хотираи адиби рус- А.С. Пушкин баргузор гардид.

Дар чорабинӣ муовини ректор оид ба илм ва инноватсия, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Рафиев Сафархон, мудири кафедраи забони муосири рус, номзади илмҳои филологӣ Нурматова Заррина, сардори маркази “Фазои русӣ”, номзади илмҳои филологӣ Ашуров Азамат, дотсенти кафедраи адабиёти хорҷӣ бо МТЗАР Гиёев Абдуназар ва дигар омӯзгорон донишҷӯёни донишгоҳ иштирок доштанд.

Чорабиниро Ашуров Азамат ҳусни оғоз бахшида, қайд намуд, ки “А. Пушкин яке аз адибони маҳбуби рус ба ҳисоб рафта, таълифоти ӯ барои ҷомеаи адабдӯст ошност. Шеъру ашъораш ба бисёр забонҳои ҷаҳон тарҷума шудаанд.

Дар зимн ёдовар шуд, ки шоир якчанд забонҳои хориҷиро хуб медонистааст. Дар китобхонаи адиб аксари китобҳо бо забонҳои хориҷӣ буданд.

Сипас, донишҷӯён аз эҷодиёти  шоир шеъру ҳикояву афсонаҳо ироа намуданд. Ҳамзамон  донишҷӯён аз суханони бузургон доир ба маҳбубияту шуҳрати ҷаҳонии Пушкин  иқтибосот оварданд.

Дар қисмати дигари чорабинӣ гурӯҳи донишҷӯён зери наво суруду таронахонӣ намуданд.




Ба рӯйхат