,
Ҷумъа, 27-декабр
Таҳти унвони мазкур 09.02.2024 дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бахшида ба 11 феврал - Рӯзи умумиҷаҳонии занон ва духтарон дар соҳаи илм конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор гардид.
Дар конфронс муовини раиси шаҳри Кӯлоб Даминзода Арафамо, профессор Изатова Муҳаббат, муовини ректор оид ба илм ва инноватсия, дотсент Рафиев Сафархон, муовини ректор оид ба муносибатҳои байналмилалӣ, дотсент Худойдодова Шарофат ва ҳайати омӯзгорону донишҷӯёни донишгоҳ ширкат варзиданд.
Нахуст, муовини ректор оид ба илм ва инноватсия, дотсент Рафиев Сафархон суханронӣ намуда, қайд намуданд: “Агар ба таърихи тамаддуни башарият назар афканем, нақши занонро хеле назаррасу муассир хоҳем дарёфт, ки ба шарофати эшон тамаддуни инсоният ба таҳаввулҳои бузурге даст ёфтааст. Ба вижа, дар таърихи гузаштаи ориёитаборон мавқеи зан бузург будааст. Аҷдодони гузаштаи мо нисбат ба зан эҳтироми зиёд доштаанд ва барои ба илму дониш фаро гирифтанашон шароитҳои мусоидро фароҳам меовардаанд. Ҳатто, дар замонҳои хеле қадим нисбат ба Зан - Модар мардумони ориёитабор эҳтироми хоса зоҳир менамудаанд, ки дар достонҳои устуравӣ ва ҳикматҳои донишварони замонҳои қадим бармало дида мешавад”.
Сипас, муовини раиси шаҳри Кӯлоб, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Даминзода Арафамо дар мавзуи “Занон ва саҳми онҳо дар рушди илм”, профессор Изатова Муҳаббат дар мавзуи “Одамӣ аз илм меёбад камол”, дотсенти кафедраи журналистика Худойдодова Шарофат дар мавзуи “Иҷтимоишавии гендерӣ ва таҳкими худшиносӣ” маърӯзаҳои худро баромад намуданд.
Мавриди зикр аст, ки дар ҷаласаи ифтитоҳӣ ва бахшҳои конференсия беш аз 60 маърӯзаи профессорон ва омӯзгорон бобати бахшҳои гуногун мавриди баррасӣ ва хулосабарориҳо қарор дода шуд.