,
Сешанбе, 15-октябр
Бо ташаббуси Раёсати тарбияи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ҷиҳати баланд бардоштани ҳуввияти миллӣ ва худогоҳиву хештаншиносӣ, ифтихор аз Ватану ватандорӣ ва муҳаббату садоқат нисбат ба фарзанди фарзонаи миллати тоҷик, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамошои дастаҷамъонаи филми мустанади “Марди роҳ” баргузор гардид. Дар воқеъ, филми мазкур таҳлили коршиносонаи сиёсатмадорон, ҳамсафон ва элитаи сиёсиву фарҳангии маърифатии кишварро оид ба ҷонфидоиҳои фарзанди фарзонаи миллати тоҷик Эмомалӣ Раҳмон дар бар гирифта, дар замири насли наврасу ҷавон ҳисси худшиносиву худогоҳиро баланд мебардорад.
Донишҷӯён филми мазкурро бо як ҷаҳон эҳсосоти самимӣ тамошо намуда, як ҷаҳон маънӣ бардоштанд ва барои ташкили чунин чорабинии хуб ба мутасаддиён сипосгузорӣ намуданд.