, Якшанбе, 08-декабр

БАРГУЗОРИИ МАҲФИЛИ “ФИЗИКОНИ ҶАВОН”

 08.02.2024 296

БАРГУЗОРИИ МАҲФИЛИ “ФИЗИКОНИ ҶАВОН”

Маврид ба зикр аст, ки барои боз ҳам беҳтару хубтар намудани донишу малакаи донишҷӯён дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ як қатор маҳфилҳои илмӣ-адабӣ фаъолият мекунанд.

Дар ин росто санаи 8-уми феврал дар факултети физика ва математикаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ маҳфили навбатии “Физикони ҷавон” бо иштироки аъзоёни маҳфил баргузор гардид.

Нахуст роҳбари маҳфил Шарипов Сафаралӣ баромад намуда, оиди пешбурди кори маҳфил ибрози андеша намуданд.

Сипас донишҷӯи курси сеюми ихтисоси физика ва математика, Амрохонова Меҳрона дар мавзуи “Асосҳои термодинамика” маърӯзаи худро ироа намуд.

Дар бахши дуюми маҳфил ҳалли масълаҳои физикӣ ба донишҷӯён супорида шуд ва донишҷӯён аз уҳдаи ҳалли он ба хубӣ баромаданд.

Дар охир маҳфил бо саволу ҷавоб ва муҳокимаҳои аъзоёни маҳфил ба охир расид.




Ба рӯйхат