,
Якшанбе, 22-декабр
Санаи 7 феврали соли 2024 дар факултети филологияи тоҷик ва журналистикаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дарси кушоди тарбиявӣ аз ҷониби Холиқова Зайналбӣ- мудири кафедраи адабиёти тоҷик, номзади илмҳои филологӣ, дотсент дар гурӯҳи 402-и ихтисоси забон ва адабиёти тоҷик дар мавзуи “Шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ” баргузор гардид.
Дар дарс Ашӯрова Нодира-доктори илмҳои филологӣ, и.в. профессори кафедраи адабиёти тоҷик, Зулфиев Гадомад- декани факултет, номзади илмҳои филологӣ, дотсент ва дигар омӯзгорону донишҷӯён иштирок доштанд.
Нахуст, дарсро дотсент Холиқова Зайналбӣ оғоз намуда, қайд карданд, ки “Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми солонаи худ ба Маҷлиси Олӣ самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии мамлакатро барои имрӯз ва давраҳои оянда муайян намуд. Паёми Пешвои миллат аз лиҳози фарогирии масъалаҳои муҳташами ҳаёти сиёсӣ-иқтисодӣ ва иҷтимоии мамлакат дар замони қувват гирифтани рақобатҳои глобалии давлатҳои абарқудрат ва дарёфти роҳҳои ҳалли мушкилоти башарӣ бо иқдомоти навин ҳуҷҷати арзишманд ва ҳидоятсози мардуми кишвар маҳсуб мешавад, ки оид ба пешбурди манфиатбори сиёсати хориҷӣ ва таъмини пешрафти соҳаҳои иқтисоду саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, амнияту мудофиа, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, тандурустӣ, фарҳанг, илму маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ вазифаҳои мушаххасро ба миён гузошт”.
Сипас, донишҷӯёни гурӯҳи таълимӣ маърӯзаҳои омоданамудани худро оид ба Паёми имсолаи Роҳбари давлат ироа намуда, зимни баромад аз Паём иқтибосҳо оварданд.
Инчунин қайд гардид, ки “Имрӯз мо дар замоне зиндагӣ ва фаъолият дорем, ки тамоми ҷабҳаҳои ҳаётамонро дар ҳама бахшҳо – сиёсат, иқтисод, иҷтимоӣ ва фарҳанг дигаргуниҳои куллӣ фаро гирифтаанд ва истиқлолияти комили давлатии кишвари азизамон моро водор месозад, ки бо ин тағйирот ва таҳаввулоти воқеӣ ҳамқадаму ҳамрайъ бошем. Хушбахтона, бо сайъ ва талоши Пешвои миллат – Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мушкилоту муқовиматҳои дохилию хориҷӣ нигоҳ накарда, дар як муддати кӯтоҳи таърихӣ дар тамоми соҳаҳои ҳаётан муҳими ҷомеа, аз ҷумла, маориф ба дастовардҳои беназир ноил гардидем”. Дар ин росто лозим аст, ки таъкидоти Роҳбари давлатро сармашқи кори худ қарор дода, дар иҷрои уҳдадориҳои вазифавӣ масъулиятшиносона амал намуда, дар татбиқи сиёсати маорифпарваронаи Ҳукумати кишвар саҳмгузор бошем.