,
Сешанбе, 10-декабр
Санаи 7 феврали соли 2024 дар факултети филологияи руси Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ маҳфили “Фонуси сабз”-и назди кафедраи адабиёти хориҷӣ бо МТЗАР баргузор гардид.
Дар маҳфил декани факултет, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Шарипова Одинамо, ҷонишини декан оид ба тарбия Иброҳими Аҳмадхон, номзади илмҳои филологӣ, Нурматова Заррина, муаллими калони кафедраи забони муосири рус Сайдамирова Клара, муаллими калони кафедраи адабиёти рус ва МТЗАР ҳамзамон роҳбари маҳфил Ҳалимова Мавҷуда ва дигар омӯзгорону донишҷӯён ширкат варзиданд.
Сараввал роҳбари маҳфил Ҳалимова Мавҷуда маҳфилро ҳусни оғоз бахшида, доир ба мавзуъҳои баррасишаванда ба ҳозирин маълумот доданд.
Сипас, донишҷӯи курси 3-юми факултет Саидова Манижа доир ба “Мавзуи ишқ дар повести А.П Чехов «Дар бораи ишқ»” ва донишҷӯи курси 1-уми факултет дар мавзуи “Масленитса, яке аз ҷашнҳои охири зимистон” маърӯзаҳои худро ироа намуданд.
Дар қисмати дигари маҳфил аз ҷониби донишҷӯён суруду таронаҳо ва саҳначаи тарбиявӣ пешкаши ҳозирин гардид.