,
Шанбе, 12-октябр
Имрӯз, 2-юми феврали соли 2024 дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ нишасти матбуотӣ оид ба натиҷагирӣ аз фаъолияти муассиса дар соли 2023 бо иштироки намояндагони воситаҳои ахбори омма баргузор гардид.
Дар рафти нишасти матбуотӣ ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Раҳмон Дилшод Сафарбек, ноибони ректор, сардорони раёсатҳо, деканони факултетҳо ва намояндагони васеи васоити ахбори омма иштирок намуданд.
Дар нишасти мазкур намояндагони ВАО аз шабакаҳои телевизионии “Ҷаҳоннамо”, “Сафина”, “Баҳористон”, “Илм ва табиат”, “Синамо”, “Хатлон”, “Кӯлоб”, Агентии миллии иттилоотии “Ховар”, рӯзномаҳои “Ҷумҳурият”, «Садои мардум», «Омӯзгор», «Хатлон», «Навиди Кӯлоб», «Кулябская правда», «Минбари халқ», “Нақлиёт”, маҷаллаи “Бонувони Тоҷикистон”, нашрияҳои даврии ғайриҳукуматӣ рӯзномаи “Пайк”, “СССР”, инчунин якчанд мухбирони расонаҳои хабарии хориҷӣ ва дигар расонаҳо ширкат намуда, ба саволҳои худ ҷавобҳои қонеъкунанда гирифтанд.
Нишасти матбуотиро ректори донишгоҳ, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Раҳмон Дилшод Сафарбек ифтитоҳ намуда, рӯзноманигоронро ба донишгоҳ хуш омадед гуфта, маълумоти муфассалро оид ба натиҷагирӣ аз фаъолияти муассиса дар соли 2023 тариқи рӯнамо (презентатсия), диаграмма ва омори дақиқу саҳеҳ пешниҳоди намояндагони ВАО намуд.
Таъкид карда шуд, ки Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, ки яке аз муассисаҳои бонуфузи таълимии кишвар дар самти омодасозии мутахассисони соҳаи омӯзгорӣ ба ҳисоб рафта, бо роҳнамоии Вазорати маориф ва илм баҳри татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи илму маориф, дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат ҷиҳати баланд бардоштани дараҷаи касбияти омӯзгорон, хоса омӯзгорони ҷавон, тақвияти заминаҳои моддӣ-техникӣ ва зарфияти илмии муассиса, ташкили озмоишгоҳҳои замонавӣ, кашф ва парвариши насли ихтироъкор, таъмини ҳамгироии илм бо истеҳсолот, мусоидат ба саноатикунонии босуръати мамлакат, тадбирҳои омодасозии шогирдон ба озмунҳои ҷумҳуриявӣ, тарғибу ташвиқи ғояҳои ваҳдати миллӣ ва дастовардҳои истиқлолияти давлатӣ миёни омӯзгорону донишҷӯён пайваста иқдомҳои судмандро рӯйи кор меоварад.
Самараи заҳмати аҳлонаву пурмаҳсули коллективи муътабари Донишгоҳ, тавсияҳои устодони иззатманду соҳибмактаб, пирони кор аст, ки натиҷаҳои таълимӣ, илмӣ ва тарбиявии ҳайати профессорону омӯзгорон, фаъолияти муассиса дар самти робитаҳои байналмилалӣ ва корҳои ободониву хоҷагидорӣ, дастовардҳои донишҷӯён дар озмуну олимпиадаҳои шаҳрӣ, вилоятӣ, ҷумҳуриявӣ ва мусобиқаҳои варзишӣ дар соли 2023 қобили таваҷҷуҳ мебошанд.
-Соли 2023 фаъолияти 5-солаи густурдаи ҳайати омӯзгорон ва кормандони донишгоҳ аз тарафи Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди санҷиш қарор гирифта, тибқи хулосаи гурӯҳи кории ин ниҳод, қаноатбахш арзёбӣ гардид.
-Соли 2023 Стратегияи рушди Донишгоҳ барои 5 соли навбатӣ, бо назардошти талаботи бозори меҳнат, беҳтарсозии вазъи таълиму тарбия, ҷалби бештари довталабон ба Донишгоҳ, ҳавасмандсозии омӯзгорони ҷавон, тақвияти заминаи моддӣ-техникӣ ва зарфияти илмии таълимгоҳ, бунёди биноҳои нави таълимӣ, хобгоҳҳо барои донишҷӯёну омӯзгорон, такмили озмоишгоҳҳои мавҷуда ва ташкили озмоишгоҳҳои наву замонавӣ, рушди хоҷагии минтақа ва ҷумҳурӣ аз тарафи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шуд.
- Соли 2023 бо дастгирии Вазорати маориф ва илм ва Бонки Ҷаҳонии Рушд дар доираи татбиқи лоиҳаҳои «Рушди таҳсилоти олӣ» ва «Такмили барномаҳои таълимии ихтисоси биология (биотехнология) вобаста ба талаботи бозори меҳнат» дар факултети химия ва биология 1 озмоишгоҳи муосири химиявии муҷаҳҳаз бо таҷҳизоти зарурии соҳавӣ мавриди истифода қарор дода шуд, ки барои донишҷӯёну магистрантон, докторантони PHD, унвонҷӯёну муҳаққиқони соҳаҳои марбутаи илм имконоти васеи озмоишу санҷиш ва таҳқиқотҳои илмиро фароҳам меоваранд. Инчунин, 2 лабараторияи факултети физика ва математика бо дастгирии Вазорати маориф ва илм дар доираи барномаи мақсадноки илмҳои табиӣ - риёзӣ азнавсозӣ карда шуданд.
-Дар ин давра Донишгоҳ бо 11 муассисаи таҳсилоти олии хориҷи кишвар, аз ҷумла 5 донишгоҳи ш. Новосибирски ФР, Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ, Донишгоҳи давлатии омӯзгории ба номи А.Н Гертсен ва Донишгоҳи гидрометеорологияи ш. Санкт-Петербурги ФР ва Донишгоҳи давлатии омӯзгории Алтайи Федератсия Россия созишномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расонидааст, ки ба татбиқи лоиҳаҳои муштараки илмӣ-таҳқиқотӣ, табодули мутахассисон, олимон, омӯзгорон, донишҷӯён, ташкили конфронсҳои байналмилалӣ мусоидат хоҳанд кард.
-Соли 2023 донишҷӯёни донишгоҳ Айниева Омина ва Гулназарова Меҳрона барои ширкат дар озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» иштирок намуда, бо ифтихорнома сазовор гардонида шуданд.
-Соли 2023 дар даври ҷумҳуриявии озмуни «Илм - фурӯғи маърифат» аз донишгоҳ донишҷӯён ва магистрантон иштирок намуданд, ки дар даври ниҳоӣ Мадасани Азизмад магистранти курси дуюми ихтисоси география сазовори ҷойи якум ва Мирзозода Насиба донишҷӯи курси дуюми ихтисоси география сазовори ҷойи дуюм аз рӯйи номинатсияи география гардиданд.
-Соли 2023 ба Озмуни илмӣ-таҳқиқотии донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ - «Донишҷӯ ва пешрафти илмию техникӣ дар соли 2022» 43 лоиҳаи беҳтарини донишҷӯён пешниҳод карда шуд, ки 13 нафари онҳо сазовори ҷойҳои 1,2,3 гардида, 2 нафар бо ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд, ки шумораи донишҷӯёни ғолиби озмун нисбат ба соли гузашта як баробар зиёд мебошанд.
-Дар озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон - Ватани азизи ман”, аз рӯйи “Номинатсияи навозандагӣ” - Одинаев Фазлиддин, корманди бахши фарҳанги Донишгоҳ, иштирок намуда, соҳиби ШОҲҶОИЗА ва бо маблағи 50000 сомонӣ ва Қаландарбекова Моҳбибӣ- донишҷӯи соли 4-уми факултети омӯзгорӣ ва фарҳанг, дар жанри анъанавӣ аз рӯи “Номинатсияи сарояндагӣ”-и озмуни мазкур (аз сини 18 то 40-сола) сазовори Дипломи Озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон – Ватани азизи ман” гардиданд.
Дар давоми соли 2023 дар донишгоҳ ду лоиҳаи грантии Фонди Аврупо Эрасмус+ TRIGGER ва дар ҳамкорӣ бо Филлиали ташкилоти ғайритиҷоратӣ, байналмилалии башардӯстонаи “Good Neighbors International” лоиҳаи “Таҳким ва баланд бардоштани самтҳи огоҳии насли ояндаи тоҷик оид ба технологияи рақамӣ-инклюзивӣ”, як Лоиҳаи Оҷонсии рушди байналхалқии Амрико (USAID) бо номи “Биё ҳамроҳ омӯзем”, амалӣ гардиданд.
Маълумот дода шуд, ки дар натиҷаи фаъолияти аҳлонаву пурмаҳсули коллективи муътабари Донишгоҳ, бандҳои нақшаи чорабиниҳо барои соли 2023 ҷиҳати татбиқи «Стратегияи рушди Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ барои солҳои 2023-2028» иҷро гардид.
Баъд аз суханронӣ ректори донишгоҳ, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Раҳмон Дилшод Сафарбек ба саволҳои зиёди намояндагони ВАО ҷавобҳои мушаххас дода, онҳоро ба ҳамкоррии минбаъда баҳри пешрафт ва рушди таълиму тарбия ва илму инноватсия дар донишгоҳ даъват намуд.