, Ҷумъа, 08-ноябр

ВОХӮРИИ ВАКИЛИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 01.02.2024 182

ВОХӮРИИ ВАКИЛИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Ҳамасола пас аз ироаи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати расонидани муҳтавои Паёми сарвари давлат ба шаҳру ноҳияҳои мамлакат сафари корӣ анҷом медиҳанд. Дар робита ба ин масъала санаи 1-уми феврал дар бинои маъмурии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ вохӯрӣ бо вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи шаҳри Кӯлоб Ҳакимзода Шарифҷон доир гардид.

Дар вохӯрӣ ректори донишгоҳ, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Раҳмон Дилшод Сафарбек, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи шаҳри Кӯлоб Шарифҷон Ҳакимзода, муовини раиси шаҳри Кӯлоб Ҳамидиён Орзу, муовини раиси Кумитаи Иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб Саймуминзода Фирӯз ва ҳайати омӯзгорону донишҷӯён ширкат варзиданд.

Сараввал, ректори донишгоҳ, профессор Раҳмон Дилшод Сафарбек суханронӣ намуда, меҳмононро ба Донишгоҳи давлатии Кӯлоб хайру мақдам намуда, иброз доштанд, ки Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми солонаи  худ ба Маҷлиси Олӣ самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии мамлакатро барои имрӯз ва давраҳои оянда муайян намуд. Паёми Пешвои миллат аз лиҳози фарогирии масъалаҳои муҳташами ҳаёти сиёсӣ-иқтисодӣ ва иҷтимоии мамлакат дар замони қувват гирифтани рақобатҳои глобалии давлатҳои абарқудрат ва дарёфти роҳҳои ҳалли мушкилоти башарӣ бо иқдомоти навин ҳуҷҷати арзишманд ва ҳидоятсози мардуми кишвар маҳсуб мешавад, ки оид ба пешбурди манфиатбори сиёсати хориҷӣ ва таъмини пешрафти соҳаҳои иқтисоду саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, амнияту мудофиа, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, тандурустӣ, фарҳанг, илму маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ вазифаҳои мушаххасро ба миён гузошт.

Баъдан, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарифҷон Ҳакимзода роҷеъ ба самтҳои афзалиятноки минбаъдаи рушди мамлакат, рақамикунонии иқтисодиёт, мусоидат дар таъмини истиқлолияти энергетикӣ ва ба кишвари содиркунандаи нерӯи сабз табдил додани Тоҷикистон, рушди босуръати соҳаҳои саноату сохтмон, кишоварзӣ ва дигар соҳаҳои иҷтимоӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, эҳтиром ба санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва волоияти қонун дар ҷомеа, инчунин арҷгузорӣ ба фарҳангу маданияти миллӣ, ки дар Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дарҷ гардида буд, суханронӣ намуданд. Ҳамзамон Шарифҷон Ҳакимзода қайд карданд: “Айни замон, ҷаҳон дар ростои шадидтарин буҳронҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва ахлоқиву фарҳангӣ қарор дорад. Дар чунин вазъият кишваре метавонад, аз ин буҳронҳо эмин бошад, ки фарзандони донишманд, фазои орому осуда, суботи сартосарӣ дошта бошад. Имрӯзҳо, ки оромӣ ва ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ дар фазои кишвари озоди мо танинандоз аст, бояд ҳар сокини мамлакат ба қадри ин неъмат бирасанд ва дар ҳифзу нигоҳдошти ин оромӣ ҳамеша талош намоянд”.

Ҳамзамон дар вохӯрии мазкур таъкид гардид, ки имрӯзҳо гурӯҳҳои манфиатҷӯйи давлатҳои абарқудрат бо истифода аз номи дини мубини Ислом ва эътиқоду имони мардумӣ мусалмононро барои пиёда кардани манфиатҳои геополитикии худ истифода намуда, ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои тундгаро ҷалб менамоянд, ки оқибат онҳо даст ба задухӯрдҳои мусаллаҳона мезананд ва ба ин васила оромии кишварҳои ҷаҳонро халалдор месозанд. Ҳадафи ин гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ на ҳимояи ислому мусалмонон, балки сарнагунсозии арзишҳои олии исломӣ ва фарҳангу тамаддуни умумибашарӣ мебошад.




Ба рӯйхат