, Шанбе, 21-декабр

БАРГУЗОРИИ СЕМИНАР-МАШВАРАТИ ИЛМӢ-ОМӮЗИШӢ ДАР ДОНИШГОҲ

 31.01.2024 253

БАРГУЗОРИИ СЕМИНАР-МАШВАРАТИ ИЛМӢ-ОМӮЗИШӢ ДАР ДОНИШГОҲ

Санаи 31.01.2024 дар бинои маъмурии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ семинар-машварати илмӣ-омӯзишӣ дар мавзуи “Ҷавобгарии ҷиноятӣ барои содир кардани терроризм” баргузор гардид.

Дар кори семинар-машварат доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессори кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ ва муқовимат бо коррупсияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Шарипов Т.Ш. ва ҳайати устодону омӯзгорон ва унвонҷӯёну донишҷӯёни донишгоҳ иштирок намуданд.

Семинарро сардори раёсати илм ва инноватсия, дотсент Шарипов А.  кушода, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессори кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ ва муқовимат бо коррупсияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Шарипов Т.Ш.-ро ба ҳайати иштирокчиён шинос намуд. Дар идома профессор Шарипов Т.Ш. дар робита ба мавзуи “Ҷавобгарии ҷиноятӣ барои содир кардани терроризм”  маълумоти муфассал ироа намуда, иброз доштанд, ки “ Содир намудани амалҳои террористӣ ва экстремистӣ аз ҷумлаи ҷиноятҳои вазнин ҳисобида шуда, яке аз воситаҳои асосии пешгирии ин падидаҳои номатлуби ҷомеа дар қонунгузории ҷиноятӣ мустаҳкам намудани ҷазои вазнин нисбати онҳо мебошад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади пешгирии амалҳои террористӣ ва экстремистӣ дар сатҳи Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгарии ҷиноятӣ барои содир кардани амалҳои террористӣ ва экстремистӣ пешбинӣ шудааст. Такмили пайвастаи қонунгузорӣ дар бораи ҷавобгарӣ барои экстремизм ва терроризм, аз ҷумла сари вақт ҷиноят эътироф намудани шаклҳои нави зоҳиршавии онҳо, инчунин муқаррар намудани муҷозоти мувофиқ барои содир намудани онҳо зарур мебошад.

Мувофиқи Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ин ҷиноятҳо ба амнияти ҷамъиятӣ ва ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд таҷовуз менамоянд. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон як қаттор меъёрҳои Кодекси ҷиноятӣ ҷавобгарии ҷиноятиро барои содир кардани амалҳои террористӣ ва экстремистӣ пешбинӣ менамояд. Аз ҷумла, моддаҳои 179, 179, 179, 179, 181, 182, 184, 184, 184, 184, 185, 187, 193, 194, 194, 194, 194, 194, 194, 310 ва 402 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгарии ҷиноятиро барои ҷиноятҳои дорои хусусияти террористӣ муқаррар намудааст”.

Ҳамчуни дар идомаи баромади худ таъкид доштанд, ки   Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони солҳои истиқлолияти давлатӣ санадҳои меъёрии ҳуқуқии зиёде қабул карда шудаанд, ки маҳз барои бартараф намудани сабабу омилҳои гуногуни ба терроризму экстремизм мусоидаткунанда равона гардида, дар ин замина бо мақсади коҳиш додани амалҳои номатлуб ва пешгирии ҳолатҳои мазкур аз тарафи Ҳукумати кишвар мунтазам тадбирҳои мушаххас рӯйи кор оварда мешаванд.

Кори семинар бо суолу ҷавоб ва мубодилаи афкор байни иштирокчиён ва профессор Шарипов Т.Ш. ба анҷом расид.




Ба рӯйхат