,
Чоршанбе, 11-декабр
Таҳти унвони мазкур санаи 30.01.2024 дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ҳамоиши илмӣ-назариявӣ ҳайати устодон, докторантони PhD ва магистарнтони Донишгоҳ бахшида ба Ҷашни Сада баргузор гардид.
Дар кори ҳамоиш сардори раёсати илм ва инноватсияи Донишгоҳ, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Шарипов Анвар, сардори шуъбаи тайёркунӣ ва азнавтайёркунии кадрҳои илмӣ-педагогӣ Қурбонзода Умеда ва ҳайати устодон, доторантони PhD ва магистрантони Донишгоҳ иштирок намуданд.
Нахуст, дотсент Шарипов Анвар зимни сухани ифтитоҳӣ қайд намуданд, ки “Арҷгузорӣ ба расму оин ва ҷашнҳои миллӣ вазифаи аввалиндараҷа ва ҷонии ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон мебошад.
Сада низ яке аз ҷашнҳои қадимаи миллати тоҷик буда, ҳамасола дар саросари ватани азизамон Тоҷикистон бо шукуҳу ҳашамати хоса қайд карда мешавад. Абулқосим Фирдавсӣ дар “Шоҳнома” пайдоиши ҷашни Садаро ба подшоҳи дуюми пешдодӣ Ҳушанг нисбат медиҳад.
Мувофиқи нигориши ӯ Ҳушанг ба мардум тарзи афрӯхтани оташро омӯзонид ва ҷашни Садаро бунёд гузошт”.
Сипас, Собиров Сайёд муаллими калони кафедраи таърихи халқи тоҷик дар мавзуи “Оташи ҷашни Сада оташи меҳри Ватан аст” баромад намуда, иброз доштанд, ки “Боиси ифтихору хушнудист, ки Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашнҳои муқадасси миллӣ, аз қабили Наврӯз, Сада, Меҳргон ва Тиргонро ҳамчун ҷашнҳои миллии ҳувиятсози мо эълом дошта, барои гиромидошти бошукӯҳи онҳо талоши самимӣ меварзанд. Дар ҳақиқат барои зиндаву поянда доштани ин ҷашнҳо, ки дар роҳи худогоҳии миллӣ аҳамияти вижае доштанду доранд, фарзонагону донишиёни мо дар ҳар давру замон пофишориҳои фаровон карда, гаҳе ҷон ба гарав гузоштаанд”.
Дар ин росто моро лозим аст, ки ҷиҳати арҷгузорӣ ба фарҳангу тамаддуни миллӣ дастуру супоришоти Роҳбари давлатро сармашқи кори худ қарор дода, дар амалӣ намудани сиёсати фарҳангпарваронаи сарвари кишвар саҳмгузор бошем.
Дар фарҷоми ҳамоиш миёни иштирокчиён мубодилаи афкор сурат гирифт.