,
Якшанбе, 22-декабр
Санаи 29.01.2024 бо ташаббуси бахши таҷрибаомӯзӣ ва кор бо мутахассисони ҷавони Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дар ҳамкорӣ бо садоратҳои факултетҳо конференсияи ифтитоҳии сафарбаркунии донишҷӯёни курсҳои сеюми ихтисосҳои алоҳида ва чоруми ихтисосҳои ҳамгиро ба таҷрибаомӯзии педагогӣ баргузор гардид. Дар кори конфронс муовини ректор оид ба таълим, дотсент Абдусамадзода Эраҷ, сардори раёсати таълим Саидзода Қурбоналӣ, сардори раёсати илм ва инноватсия, дотсенти кафедраи равоншиносӣ Шарипов Анвар, мудири бахши таҷрибаомӯзӣ ва кор бо мутахассисони ҷавон Бобоев Бахтовар, роҳбарони таҷрибаомӯзии факултетҳо, методистони тахассусӣ ва донишҷӯёни ба таҷрибаомӯзӣ сафарбаршаванда иштирок намуданд.
Нахуст, муовини ректор оид ба таълим, дотсент Абдусамадзода Эраҷ дар суҳбат бо таҷрибаомӯзон таъкид намуд, ки таҷрибаомӯзии педагогӣ омили муҳимтарини тайёрии касбии донишҷӯён ба касби интихобнамуда - омӯзгорӣ ба шумор меравад. Мақсад аз таҷрибаомӯзии педагогӣ ҳамчун шакли муҳими ташкили таълим бар он равона гардидааст, ки донишҷӯён (ҳамчун мутахассисони оянда) дар раванди таълиму тарбия дар мактаб донишҳои илмӣ-назарии аз рӯи ихтисос азбарнамудаашонро, инчунин малакаҳои андухтаашонро дар робита ба фанҳои методикаи таълим, педагогика ва психология дар амал эҷодкорона истифода баранд ва онҳоро такмилу инкишоф диҳанд.
Зимнан, дар идомаи конфронс сардори раёсати илм ва инноватсия, дотсенти кафедраи равоншиносӣ Шарипов Анвар доир ба масъалаҳои психологӣ ва омодагии равонии муаллим дар раванди таълиму тадрис маълумот дода, ба донишҷӯёни таҷрибаомӯз машварати психологӣ дод. Ҳамчунин мудири бахши таҷрибаомӯзӣ ва кор бо мутахассисони ҷавон Бобоев Бахтовар талаботи низомомаи таҷрибаомӯзии педагогиро доир ба тартиби баргузории таҷрибаомӯзӣ, вазифа ва уҳдадориҳои донишҷӯён дар раванди он ба иштирокчиён фаҳмонид.
Кори конфронс бо саволу ҷавоб миёни донишҷӯёну методистон ва баррасии масъалаҳои марбут ба таҷрибаомӯзии педагогӣ ба охир расид.