, Чоршанбе, 26-ноябр

МУҲОКИМАИ  РИСОЛАИ  НОМЗАДӢ


МУҲОКИМАИ  РИСОЛАИ  НОМЗАДӢ

Санаи 18-уми январи соли ҷорӣ дар бинои маъмурии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ муҳокимаи рисолаи номзадии унвонҷӯйи кафедраи таърихи халқи тоҷики факултети таърих, ҳуқуқ ва муносибатҳои байналмилалӣ, Исмоилов Зафар дар мавзуи "Тайёр намудани кадрҳои омӯзгорӣ дар вилояти Хатлон дар солҳои соҳибистиқлолии Тоҷикистон (с.1991-2021)" зери роҳбарии доктори илмҳои таърих, профессори кафедраи таърихи халқи тоҷик Абдуллоев Маҳмуд баргузор гардид.

Дар кори муҳокима Холмуродзода Меҳрафрӯз- номзади илмҳои таърих, мудири кафедраи таърих ва методикаи таълими таърих, Аъзамов Хурсанд- номзади илмҳои таърих, дотсенти кафедраи сиёсатшиносӣ, Суфиев Садриддин- номзади илмҳои таърих, мудири кафедраи таърихи халқи тоҷик, Холова Ғалатӣ- мутахассиси раёсати илм ва инноватсияи донишгоҳ ва дигар омӯзгорон иштирок намуданд.

Дар рафти муҳокима ҳамчун муқарризони холис Азамов Хурсанд, номзади илмҳои таърих, дотсенти кафедраи сиёсатшиносии Донишгоҳ ва Ғафуров Абдулло, дотсент, мудири шуъбаи таърихи навтарини Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон баромад намуда, ҳусну қубҳи рисолаи илмиро арзёбӣ намуда, пешниҳоду тавсияҳои худро ироа намуданд.

Ҳамин тариқ, рисолаи номзадии унвонҷӯй- Исмоилов Зафар Иброҳимович, бо назардошти тавсияҳо анҷомёфта ҳисоб шуда, барои муҳокимаи давраи навбатӣ тавсия карда шуд.




Ба рӯйхат

Лутфан барномаи моро насб намоед!

Warning: filectime(): stat failed for /var/www/new.kgu.tj/html//sessions/sess_ejodu97qc7k9bk2l8gkcksmb9a in /var/www/new.kgu.tj/html/lib/prog_functions.php on line 274

Warning: unlink(/var/www/new.kgu.tj/html//sessions/sess_ejodu97qc7k9bk2l8gkcksmb9a): No such file or directory in /var/www/new.kgu.tj/html/lib/prog_functions.php on line 274

Warning: filectime(): stat failed for /var/www/new.kgu.tj/html//sessions/sess_s6notkai35hdrn2tjqi7en0bf5 in /var/www/new.kgu.tj/html/lib/prog_functions.php on line 274

Warning: unlink(/var/www/new.kgu.tj/html//sessions/sess_s6notkai35hdrn2tjqi7en0bf5): No such file or directory in /var/www/new.kgu.tj/html/lib/prog_functions.php on line 274