, Душанбе, 14-октябр

ПАЁМИ ПЕШВО-ДАСТУРИ РАҲНАМО ВА ҲУҶҶАТИ ТАҚДИРСОЗ

 29.12.2023 153

ПАЁМИ ПЕШВО-ДАСТУРИ РАҲНАМО ВА ҲУҶҶАТИ ТАҚДИРСОЗ

(ҳамоиши илмӣ-назариявии ҳайати профессорону омӯзгорон ва устодону донишҷӯёни Донишгоҳ дар ҳошияи Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон)

Таърихи 29.12.2023 дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ҳамоиши илмӣ-назариявии ҳайати профессорону омӯзгорон ва устодону донишҷӯёни донишгоҳ таҳти унвони “ПАЁМИ ПЕШВО-ДАСТУРИ РАҲНАМО ВА ҲУҶҶАТИ ТАҚДИРСОЗ” дар ҳошияи Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” баргузор гардид.

Дар кори ҳамоиш ректори донишгоҳ, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Раҳмон Дилшод Сафарбек, муовинони ректор, садорати факултетҳо ва устодону донишҷӯёни донишгоҳ иштирок намуданд.

Кори ҳамоиш бо хондани Суруди миллӣ аз ҷониби ҳайати васеи иштирокчиён оғоз гардид.

Ректори донишгоҳ, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Раҳмон Дилшод Сафарбек зимни ироаи сухани ифтитоҳӣ ҳайати иштирокчиёни ҳамоишро  барои расидан ба санаи муҳиму таърихӣ, тантанаи истиқлоли давлатӣ ва соҳибдавлативу соҳибихтиёрии кишвар, яъне ироа гардидани Паёми навбатии Пешвои маҳбубу илҳомбахши миллат табрику таҳният гуфта, иброз доштанд, ки Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми солонаи  худ ба Маҷлиси Олӣ, самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии мамлакатро барои имрӯз ва давраҳои оянда муайян намуд. Паёми Пешвои миллат аз лиҳози фарогирии масъалаҳои муҳташами ҳаёти сиёсӣ-иқтисодӣ ва иҷтимоии мамлакат дар замони қувват гирифтани рақобатҳои глобалии давлатҳои абарқудрат ва дарёфти роҳҳои ҳалли мушкилоти башарӣ бо иқдомоти навин ҳуҷҷати арзишманд ва ҳидоятсози мардуми кишвар маҳсуб мешавад, ки оид ба пешбурди манфиатбори сиёсати хориҷӣ ва таъмини пешрафти соҳаҳои иқтисоду саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, амнияту мудофиа, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, тандурустӣ, фарҳанг, илму маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ вазифаҳои мушаххасро ба миён гузошт.

Сипас, тибқи барномаи ҳамоиши илмӣ-назариявӣ  Муродова Гучеҳра- номзади илмҳои сиёсатшиносӣ, дотсент, мудири кафедраи муносибатҳои байналмилалӣ дар мавзуи “Мавқеи сиёсати хориҷӣ дар Паёми Пешвои миллат”, Сафаров Зулфиқор- муаллими калони кафедраи молия ва қарз, дар мавзуи “Вазифагузориҳои нав доир ба рушди иқтисодиёти миллӣ дар Паёми Пешвои миллат” ва Усмонзода Сорбон- муаллими калони кафедраи сиёсатшиносӣ, дар мавзуи “Моҳият ва аҳамияти Паёмҳои солонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” маърӯзаҳои худро ироа намуданд.

Баромадкунандагон зимни суханронӣ баён намуданд, ки Паёми Сарвари давлат дар баробари ҳуҷҷати муҳимму барномаи мукаммали  сиёсати давлатӣ, ҳамчун рамзи соҳибихтиёриву соҳибдавалтии тоҷикон ба ҳисоб рафта, вазифаҳо ва ҳадафҳои дар он пешбинигардида барои ояндаи дурахшони мамлакат ва зиндагии шоистаи мардум равона гардидааст.

Ҳамчунин таъкид гардид, ки дар Паёми навбатии Пешвои миллат ҳамаи соҳаҳо мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифта, алоқаманд ба ин вазифаҳои сатҳи гуногуни ҳокимияти давлатӣ ва дигар субъектҳои хоҷагидорӣ барои амалигардонии ҳадафҳои стратегии давлату ҳукумат барои оянда муайян карда шуд. Дар ин радиф Пешвои миллат таваҷҷуҳи мардумро ба роҳҳои дар арсаи ҷаҳонӣ аз ҷиҳати рушди иқтисодию иҷтимоӣ боз ҳам хубтар муаррифӣ гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷалб намуда, зимнан таъкид бар он доштанд, ки ба тарбияи ахлоқию маънавии насли наврасу ҷавон, омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва  ҳамзамон ҷалби онҳо ба азхуднамоии илмҳои дақиқу риёзӣ ва касби донишҳои наву замонавӣ эътибори ҷиддӣ дода шавад.

Дар интиҳо низ кори ҳамоиш бо хондани Суруди миллӣ аз ҷониби ҳайати васеи иштирокчиён ба охир расид.




Ба рӯйхат