, Якшанбе, 08-декабр

БАРГУЗОРИИ КОНФРОНСИ ДОНИШГОҲӢ

 27.12.2023 217

БАРГУЗОРИИ КОНФРОНСИ ДОНИШГОҲӢ

Бо мақсади таъмини иҷрои дастуру супоришҳо ва вазифаҳои дар  Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баёнгардида, хусусан, ҷиҳати баланд бардоштани сифати таълиму тарбия, тайёр намудани мутахассисони ҷавобгӯи талаботи замони муосир, сатҳи азхудкунии фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, баланд бардоштани маърифатнокии ҷавонон тадбирҳои амалӣ андешида шуда, дар ин замина барои пойдории сулҳу ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистони соҳибистиқлол корҳои назаррасе анҷом дода мешавад. Дар робита ба ин санаи 27 декабри соли ҷорӣ дар факултети физика ва математикаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ конфронси илмӣ-назариявии донишгоҳӣ дар мавзуи “Рушди илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ-заминаи истеъдоду нерӯи зеҳнии ҷавонон” бахшида ба эълон гардидани солҳои 2020-2040 “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” ва “Саноаткунонии босуръати кишвар (солҳои 2022-2026)” баргузор гардид.

Дар конфронс муовини ректор оид ба илм ва инноватсия, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Рафиев Сафархон, декани факултети физика ва математика, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Самариддинова Зайнаб, мудири кафедраи физикаи умумӣ ва назариявӣ, номзади илмҳои физика ва маетиматика, дотсент Акрамова Рухшона, мудири кафедраи илмҳои компютерӣ, номзади илмҳои техникӣ Шарипов Аламшо, дотсенти кафедраи физикаи умумӣ ва назариявӣ Ғафоров Саттор ва ҳайати омӯзгорон ва донишҷӯён ширкат варзиданд.

Сараввал, муовини ректор оид ба илм ва инноватсия, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Рафиев Сафархон, ҷаласаи ифтитоҳиро оғоз намуда, ҳозиринро шодбош гуфта, қайд карданд, ки дар шароите, ки техникаву технологияи муосир рушд намуда, талабот ба мутахассисони фанҳои дақиқ ва табиатшиносӣ меафзояд, пешниҳоди солҳои 2020-2040 ҳамчун Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муҳим ва саривақтӣ мебошад. Аз ҷониби дигар, яке аз ҳадафҳои стратегии мамлакат ин табдил додани Тоҷикистон аз мамлакати аграрӣ-саноатӣ ба кишвари саноатӣ-аграрист ва ин худ бозгӯи тақвият додани технологияи соҳаи саноат, ки ба илмҳои дақиқ шомил мебошад, маҳсуб мешавад.

Сипас, дар ҷаласаи ифтитоҳӣ дотсенти кафедраи физикаи умумӣ ва назариявӣ Ғаффоров Саттор дар мавзуи “Ҳадафи чоруми стратегии мамлакат ва илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ”, мудири кафедраи физикаи умумӣ ва назариявӣ, номзади илмҳои физика ва маетиматика, дотсент Акрамова Рухшона дар мавзуи “Саҳми академик Каримов Самариддин дар рушди илми физика”, ассистенти кафедраи физикаи умумӣ ва назариявӣ Шарипов Сафаралӣ дар мавзуи “Пешвои миллат ҳамчун ташаббускори ҳифзи пиряхҳои сайёра” ва ассистенти кафедраи физикаи умумӣ ва назариявӣ Раҳмонова Гулбӯй дар мавзуи “Мушкилот ва имкониятҳои истифодаи зеҳни сунъӣ барои назорати сифати маҳҷулоти тайёр дар саноати нассоҷӣ” маърӯзаҳои худро ироа намуданд.

Пас аз ҷамъбасти ҷаласаи ифтитоҳӣ  кори конфронс дар се бахш: “Саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушди имлҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ”, “Саноатикунонии босуръати мамлакат ва нақши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар амалигардонии ҳадафи чоруми стратегӣ” ва “Дурнамои татбиқи технологияҳои рақамӣ ва инноватсионӣ дар соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ” идома ёфт.

Мавриди зикр аст, ки дар ҷаласаи ифтитоҳӣ  ва бахшҳои конференсия беш аз 35 мақолаҳои илмии омӯзгорон ва унвонҷӯён бобати бахшҳои гуногуни илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ шунида шуда, мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор дода шуд.




Ба рӯйхат