,
Панҷшанбе, 21-ноябр
Рӯзи 22.12.2023 дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ курси омӯзишии “Мактаби сарварӣ”, ки бо ташаббуси Раёсати кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон аз санаи 18.12.2023 то 22.12.2023 дар донишгоҳ миёни омӯзгорону донишҷӯдухтарон дар доираи "Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону духтарони болаёқат" барои солҳои 2023-2030 гузаронида шуд, ҷамъбаст гардид.
Дар даври интиҳоии курси омӯзишӣ сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон-Абдусаломзода Анзурат, муовини раиси шаҳри Кӯлоб- Ҳамидиён Орзу, сармутахассиси Раёсати кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимяти давлатии вилояти Хатлон- Шарифзода Файзинисо, муовини ректор оид ба муносибатҳои байналмилалии донишгоҳ, дотсент Худойдодова Шарофат, сармутахассиси шуъбаи кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимяти давлатии шаҳри Кӯлоб- Ҳакимова Фарзона, раиси занону духтарони донишгоҳ- Рӯзиева Барно ва дигар омӯзгорону донишҷӯдухтарон иштирок доштанд.
Сараввал, муовини раиси шаҳри Кӯлоб- Ҳамидиён Орзу, суханронӣ намуда, баргузории курси омӯзишро дар баландбардории маҳорат ва донишҳои донишҷӯдухтарон муҳим арзёбӣ намуд. Ҳамчунин, сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон Абдусаломзода Анзурат дар баромади худ нақши занонро дар ҳаёти иқтисодию иҷтимоии мамлакат назаррас хонданд.
Дар охир ба иштирокчиёни курси омӯзишии "Мактаби сарварӣ" Сипосномаҳо тақдим гардид.