,
Ҷумъа, 27-декабр
Санаи 22.12.2023 дар бинои маъмурии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бо ташаббуси факултети филологияи хориҷӣ Конфронси ҷумҳуриявии илмӣ-назариявӣ дар мавзуи “Усулҳои такмили таълими забони англисӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар доираи нақшаи чорабиниҳои машваратҳои илмӣ-амалӣ, конференсияву семинарҳо ҷиҳати амалигардонии “Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” баргузор гардид.
Дар конфронс муовинони ректор оид ба муносибатҳои байналмилалӣ, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Шарофат Худойдодова, доктори илмҳои филологӣ, профессори кафедраи забоншиносӣ ва типологияи муқоисавии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Абдусалом Мамадназаров, декани факултет, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Муродов Баҳриддин ва ҳайати омӯгорону донишҷӯёни донишгоҳ иштирок намуданд.
Конфронс бо садо додани Суруди миллӣ оғоз гардид.
Муовини ректор оид ба муносибатҳои байналмилалӣ, дотсент Шарофат Худойдодова зимни ироаи сухани ифтитоҳӣ, ҳайати олимон ва муҳаққиқони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишварро ба донишгоҳ хайрамақдам гуфта, ҳузури онҳоро дар кори конфронс боиси ифтихор ва шарафмандӣ арзёбӣ намуд. Ҳамчунин таъкид доштанд, ки дар баробари донистани забони давлатӣ омӯхтани забонҳои хориҷӣ, пеш аз ҳама, забонҳои русӣ ва англисӣ тақозои давру замон мебошад, зеро ин забонҳо воситаи муоширати муносибатҳоямон бо давлатҳои дигар ва ба таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ расонидани марому ҳадафҳои миллиамон ва ба рушду пешрафти иқтисодиву иҷтимоии кишварамон мусоидат мекунад.
Сипас, Абдусалом Мамадназаров, доктори илмҳои филологӣ, профессори кафедраи забоншиносӣ ва типологияи муқоисавии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар мавзуи “Комилтарин луғати форсӣ – русӣ дар таърихи луғатнигории дузабонаи форсӣ – русӣ”, Шарипов Хуршед, номзади илмҳои педагогӣ, мудири кафедраи забонҳои хориҷии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дар мавзуи “Усулҳои татбиқкунандаи таълими муосири забони англисӣ бо истифода аз технологияи сайёру мултимедӣ”, Тоғоева Т., доктори илмҳои филологӣ, профессори Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав дар мавзуи “Зиёиён ва масъалаҳои забоншиносӣ” маърӯзаҳои худро ироа намуданд.
Маърӯзачиён зимни муҳокима ва баррасии мавзуъҳо иброз доштанд, ки Масъалаи рушди забони тоҷикӣ ҳамчун забони давлатӣ ва забонҳои русӣ ва англисӣ ба ҳайси забони муоширати байни миллатҳо аз самтҳои афзалиятноки сиёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад, ки он дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон сабт гардидааст. Дар робита ба ин Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни баромадҳояшон пайваста қайд менамоянд, ки сиёсати забонии ҳукумат дар баробари забони тоҷикӣ ба фаъолияти озодонаи забонҳои дигар мусоидат менамояд ва имкон медиҳад, ки забонҳои дигар ҳам омӯхта шаванд. Аз ин рӯ, донистани забонҳои русӣ ва англисӣ зарари забони давлатӣ наҳоҳад буд.
Дар бахши музокирот декани факултети филологияи хориҷӣ, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Муродов Баҳриддин баромад намуданд.
Кори конфронс пас аз ҷамъбасти ҷаласаи ифтитоҳӣ дар ду бахш: “ТАҲЛИЛИ МУҚОИСАВИИ АКТУАЛИИ ИЛМИ ЗАБОНШИНОСИИ МУОСИР” ва “ОМӮЗИШИ ЗАБОНИ АНГЛИСӢ БО ИСТИФОДА АЗ УСУЛҲОИ ТАЪЛИМИ ТЕХНОЛОГИЯИ МУЛТИМЕДӢ” идома меёбад.
Маҷмӯаи мақолаҳои илмии конфронс, ки аз ҷониби Раёсати донишгоҳ ба нашр расонида мешавад, зиёда аз 102 мақолаи олимону муҳаққиқонро бобати бахшҳои гуногуни омӯзиши забонҳои хориҷӣ, дар бар мегирад.