,
Ҷумъа, 27-декабр
Рӯзи 20-уми декабри соли 2023 дар бинои маъмурии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ вохӯрии сардори Гурӯҳи фаврии Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон бо ҳайати кормандону омӯзгорони донишгоҳ баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Раҳмон Дилшод Сафарбек, сардори Гурӯҳи фаврии Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон, полковник Халилзода Сафаралӣ Ҷума, ҳайати раёсати донишгоҳ ва омӯзгорону донишҷӯён ширкат варзиданд.
Ректори донишгоҳ, профессор Раҳмон Дилшод Сафарбек зимни сухани ифтитоҳии вохӯрӣ ба муҳтарам Халилзода Сафаралӣ Ҷума барои вақт ҷудо намудану баргузор гардонидани вохӯрии судманд изҳори сипосу миннатдорӣ баён намуда, таъкид доштанд, ки дар вазъияти муосир муаммои таъмини амнияти миллӣ нисбат ба дигар масъалаҳои рушди сиёсӣ афзалият дорад, зеро барои давлати муосир ҳалли муаммоҳои амнияти миллӣ аз ҳарвақта дида, барои таъмини ваҳдату якпорчагӣ, нигоҳ доштани асолат ва ягонагии фарҳангу маданият аҳамияти аввалиндараҷа дорад.
Сипас, сардори Гурӯҳи фаврии Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон полковник Халилзода Сафаралӣ Ҷума дар мавзуи “Мубориза ва муқовимат бо экстремизм ва терроризм, пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба гурӯҳҳои ифротӣ” маърӯзаи муфассал намуда, дар бораи ин зуҳуроти номатлуби ҷаҳони муосир ва роҳу равишҳои пешгирию мубориза бо онҳо нуктаҳои ҷолибу асоснокро ироа намуд. Ҳамчунин таъкид дошт, ки омилҳое чун: дараҷаи пасти донишҳои дунявӣ, мувофиқат накардани тасаввуроти илмӣ-дунявӣ нисбат ба ҷаҳонбинии динии наврасону ҷавонон; пурзӯршавии таъсири идеологияи динӣ ва тавассути он маҳдуд гардидани хусусиятҳои фарҳанги миллӣ; ба муҳтаво ва самтгирии вазъи идеологияи тахрибӣ пурра мувофиқат накардани шаклу усул ва мантиқи кори фаҳмондадиҳӣ дар маҳалҳо; номувофиқатии усули муборизаи иттилоотӣ бо асли таҳдид, шакл ва тарзи кори мухолифони сохти конститутсионӣ; тағйири таносуби аҳамияти иҷтимоии пешвоёни дин (дар масҷид, маҳалла, деҳа, ноҳия, шаҳр) зери таъсири мубаллиғони созмонҳои террористию экстремистӣ қарор гирифтани муҳоҷирони меҳнатии тоҷик дар шароити кишварҳои беруна; қочоқ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, силоҳи оташфишон ва лавозимоти ҷангӣ ва амсоли ин зерин ба болоравии сатҳи ҷинояткорӣ ва ба осонӣ ба ҳар гуна ҳаракату ҳизбҳои терорристию экстремистӣ гаравидани ҷавонон мусоидат менамояд.
Дар баробари ин, таъкид доштанд, ки ҷиҳати пешгирии ҳолатҳои номатлуб ва таълиму тарбияи дурусту дар роҳи садоқату эҳтиром ба фарҳангу арзишҳои миллӣ, худшиносиву ватандӯстӣ ба камол расидани насли наврасу ҷавон моро лозим меояд, ки бо омӯзиши амиқи таърихи гузашта ва фарҳанги пурғановати ниёгон даст ба кор шавем ва дар иҷрои уҳдадориҳои вазифавиамон масъулиятшиносона амал намоем.
Дар охири вохӯрӣ ректори донишгоҳ, профессор Раҳмон Дилшод Сафарбек иброз доштанд, ки бо мақсади дар амал татбиқ намудани таъкидоту пешниҳодоти меҳмони гиромӣ ҳайати кормандону омӯзгорони донишгоҳ ҳамеша ҷиҳати таълиму тарбияи насли наврас ва таъмини тартиботи ҷамъиятӣ бо мақсади ҳифзу нигоҳдошти амнияту суботи сартосарӣ дар кишвар фаъолият намуда, минбаъд низ ба фаъолияти худ дар ин самт диққати ҷиддӣ медиҳанд.