, Якшанбе, 22-декабр

БАРГУЗОРИИ  ДАРСИ КУШОД

 20.12.2023 233

БАРГУЗОРИИ  ДАРСИ КУШОД

Санаи 20-уми декабр дар факултети филологияи руси Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ аз ҷониби номзади илмҳои филологӣ, дотсент Мирзораҳматова Гулнора дарси кушод дар мавзуи “Услуб ва услубшиносӣ” дар гурӯҳи таълимии 103-и ихтисоси забон ва адабиёти рус  бо иловаи забон ва адабиёти тоҷик  баргузор гардид.

Нахуст дарсро муаллима Мирзораҳматова Гулнора оғоз намуданд. Ҳангоми рафти дарс, ки назариявӣ буд муаллима  доир ба мавзуи мазкур қайд намуданд, ки услубшиносӣ ба тамоми соҳаҳои забон алоқаи зич дошта, услубҳои забони адабӣ – расмӣ – коргузорӣ, илмӣ, публитсистӣ, бадеӣ ва гуфтугӯиро дар истифода меомӯзад. Ба ин маънӣ услубшиносӣ услуби функсионалӣ асту бас. Талаботи муоширати иҷтимоӣ услубҳои гуногуни нутқро ба вуҷуд овардааст, ки онҳо мундариҷаиуслубшиносиро ташкил медиҳанд. Услубшиносӣ тамоми соҳаҳои забонро дар бар мегирад ва доираи хеле васеъ дорад. Аҳамияти амалии ин соҳаи забон маҳз аз он иборат аст, ки муҳассилин бо назарияи услубшиносӣ мусаллаҳ шуда, қонунҳои истифодабарии воситаҳои забониро меомӯзанд.

Дар фарҷоми дарс муаллима ба донишҷӯён саволҳо дода, донишҷӯён ба суолҳои додаи муаллима посухҳои мушаххас гардониданд.




Ба рӯйхат