, Шанбе, 14-декабр

БАРГУЗОРИИ ДАРСИ КУШОД

 16.12.2023 274

БАРГУЗОРИИ ДАРСИ КУШОД

Санаи 16.12.2023 дар факултети филологияи тоҷик ва журналистикаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дарси кушоди номзади илмҳои филологӣ,  Давлатова Фароғат, аз фанни забони адабии ҳозираи тоҷик дар мавзуи “ Ҷумла инъикоскунандаи фикр” дар гурӯҳи таълимии 301-302-и ихтисоси забон ва адабиёти тоҷик баргузор гардид.

Дар дарс номзади илмҳои филологӣ, дотсент, ҷонишини декан оид ба таълим Шамшоди Ҷамшед, ҷонишини декан оид ба тарбия Назиров Мадалӣ, муаллими кафедраи забоншиносӣ ва таърихи забон Қаюмова Мубина, муаллимони калони кафедра, Алиева Бахтинисо, Сайдалиева Сарварбӣ ва донишҷӯён ширкат варзиданд.

Нахуст, муаллим Давлатова Фароғат баромад намуда, дарсро оғоз намуданд. Сипас, донишҷӯёни гурӯҳи таълимии мазкур як-як дар бораи навъҳои ҷумла маълумот дода, дар тахтаи синф ҷумлаҳо навишта, таҳлил намуданд.

Инчунин ҳангоми дарс муаллим миёни донишҷӯён саволу ҷавоб гузаронид. Ҳамзамон донишҷӯён дар навбати хеш фаъоли намуда, ба ҳамаи саволҳои додаи муаллим ҷавобҳои мушаххас гардониданд.




Ба рӯйхат