, Ҷумъа, 27-декабр

«САҲМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР РУШДУ НУМӮИ ИЛМҲОИ ТАБИИЮ РИЁЗӢ»

 15.12.2023 270

«САҲМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР РУШДУ НУМӮИ ИЛМҲОИ ТАБИИЮ РИЁЗӢ»

Таҳти чунин унвон 15.12.2023 дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, ки яке аз муассисаҳои бонуфузи таълимии кишвар дар самти омодасозии мутахассисони соҳаи омӯзгорӣ мебошад, баҳри татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи маориф ва илм, амру супоришҳои Пешвои хирадрою илмпарвари миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар партави иҷрои нақшаи багузории машваратҳои илмӣ-техникӣ, конференсияву семинарҳо ҷиҳати ҳалли масъалаҳои муҳимми илмҳои риёзӣ ва таҳқиқи методҳои муосир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-назариявӣ бо иштироки олимону муҳаққиқон аз муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, миёнаи махсус, Академияи миллии илмҳои кишвар баргузор гардид.

Ҷаласаи пленарии конфронс бо садо додани Суруди миллӣ оғоз гардид.

Муовини ректори оид ба илм ва инноватсияи донишгоҳ, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Рафиев Сафархон зимни ироаи сухани ифтитоҳӣ профессорону кормандони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишварро ба донишгоҳ хайрамақдам гуфта, ҷиҳати иштирок ба онҳо изҳори сипосу миннатдорӣ баён намуда, таъкид доштанд, ки, хушбахтона, дар Ватани азизу маҳбуби мо, Тоҷикистони соҳибистиқлол, сарзамини ҳазорон-ҳазор олимону фарзонагони илму фан ва равнақбахшони тафаккури илмиву техникии наслҳои башар, бо роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои илмпарвару фарҳангсолори миллат, Сарвари воқеъбину дурандеши давлат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, баҳри рушди ҳама соҳаҳои илм диққати ҷиддӣ дода шуда, марҳила ба марҳила заминаҳои ҳуқуқиву ташкилӣ ва инфрасохтории инкишофи соҳаҳо фароҳам оварда мешаванд.

Бо таъйини ҳадафи чоруми стратегии миллӣ – саноатикунонии босуръати кишвар, зарурати рушди бемайлони илмҳои табиӣ-риёзӣ ба миён омад. Вобаста ба ин, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми хеш ба Маҷлиси Олии кишвар аз 26 декабри соли 2019 солҳои 2020-2040-ро «Бистсолаи омӯзиш ва рушди илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» эълон намуда, дар назди институтҳои соҳавӣ, кормандони Вазорати маориф ва илм, пажуҳишгоҳҳои илмӣ ва аҳли ҷомеаи кишвар ҷиҳати рушди тафаккури техникӣ ва истеҳсолии аҳолии мамлакат, хоса наврасону ҷавонон, вазифаҳои мушаххас гузоштанд.

Дар қисмати пленарии конфронс зиёда аз 5 маърӯза аз ҷониби олимону муҳаққиқони донишгоҳ ва дигар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар, аз ҷумла Зубайдов Саидаҳмад, доктори илмҳои иқтисодӣ, дотсенти кафедраи математика ва системаҳои иттилоотии Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар мавзуи “Мавқеи илмҳои табиатшиносӣ дар рушди иқтисодиёт”, Ниёзов Ҷонмуҳаммад, номзади илмҳои педагогӣ, и.в. дотсенти кафедраи фанҳои табиию риёзӣ ва методикаи таълими онҳо Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ доир ба “Татбиқи таълими тафриқа дар низоми таҳсилоти муосир” ва Бобоев Бахтиёр Ҷангиевич, номзади илмҳои педагогӣ, муаллими калони кафедраи химия ва методикаи таълими они Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дар мавзуи “Тағйирёбии иқлим ва таъсири он ба ҳаёти инсон” пешниҳод ва мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Дар баробари баррасиву муҳокимаи мавзуъҳо иброз гардид, ки дар тамаддуни башарӣ саҳми чашмгири гузаштагони мо тоҷикон дар рушди илмҳои табиӣ, риёзӣ ва дақиқ бебаҳс буда, ниёи шарифу илмдӯсти мо дар садри ташаккули илмҳову кашфиётҳои инсоният қарор доранд. Хушбахтона, ин риштаи таърихӣ ҳанӯз ҳам побарҷо буда, имрӯзҳо низ олимони тоҷик бо кашфиёту ихтироот ва тарбияву парвариши кадрҳои илмӣ дар илми ҷаҳонӣ соҳиби эътибору эҳтиром ҳастанд. Аз ҷумла, олимони Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ: академики Академияи илмҳои Россия Раҳматулло Акбаров, академик Самариддин Каримов, профессор Тағайбобо Шукуров, дотсентон Саидхоҷа Азизов, Қурбонхон Одинаҳмадов, Ибодов Назрулло, Назрӣ Ёров, Одинақул Ҷураев, Алиназар Пирназаров, Ғоибназар Ҳалимов, Саъдулло Ситамов, Султон Сулаймонов, Абдукарим Зарифов, Ҷангӣ Назаров умри ширини худро сарфи илму тадрис ва кашфиёту ихтироот намуда, аз худ ганҷиани пурбори илмӣ ва номи накӯи омӯзгорӣ ба мерос гузоштаанд. Ҳамчунин, олимони пурмаҳсуле чун устодони иззатманд профессорон Ислом Ғуломов, Абдулло Табаров, Ф. Шамсуддинов, дотсентон Изатуллоев Куган, Абдулазизов Абдулҳаким, Маҳмудов Туйчӣ, Ғафоров Саттор ва дигарон имрӯзҳо дар ин ҷодаи пурзаҳмату пуршараф ба кору фаъолияти натиҷабахш машғуланд.

Дар фарҷоми қисмати пленарии конфронс изҳори умед карда шуд, ки мақолаҳои илмӣ пешниҳод гардидаи олимону муҳаққиқон дар ҳалли проблемаҳои ҷиддии самти рушди илмҳои табиӣ, риёзӣ ва дақиқ аз рӯи самтҳои афзалиятноки илмӣ мусоидат карда, маҷмуаи маводҳои конфронси мазкур барои олимону муҳаққиқон, роҳнавардони масири илму ихтироот ва ҷодаи пуршарафи омӯзгорӣ чун дастури муфиду судманд хидмат хоҳад кард.

Конфронс кори худро баъд аз ҷаласи ифтитоҳӣ тибқи барнома дар қисмати 2-юми рӯз,  дар чаҳор бахш: Бахши I:  Нақши Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тарғиб ва рушди соҳаи илму маориф, Бахши II: Фазои таълимӣ ва хусусиятҳои илмӣ-методию методологии раванди инноватсионии таълими фанҳои табиӣ-риёзӣ, Бахши III: Масъалаҳои муосири методикаи таълим дар таҳсилот; Бахши IV: Масъалаи обшавии пиряхҳои Тоҷикистон ва таҳқиқи илмии он дар шароити тағирёбии иқлим ба роҳ монда, дар он зид а аз 89 маърӯза бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ дар шакли ҳузурӣ ва ғоибона (маҷозӣ) мавриди баррасӣ қарор дода мешаванд.




Ба рӯйхат