,
Якшанбе, 08-декабр
Бо мақсади фарогирии бештари аҳолӣ бо хизматрасонии молиявӣ, баланд бадоштани сатҳи маърифати молиявии истифодабарандагони чунин хизматрасонӣ ва татбиқи босамари Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ”, ки аз 22 июни соли 2023, таҳти №586 ба имзо расидааст санаи 14 декабри соли ҷорӣ дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бо иштироки ҳайати раёсати донишгоҳ, намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб, намояндагони Бонки миллии Тоҷикистон, ташкилотҳои қарзии молиявӣ, суғуртавӣ ва шарикони рушди маҳаллӣ ва хориҷӣ форуми “Саводнокии молиявӣ” баргузор гардид.
Чорабинии мазкурро муовини якуми раиси шаҳри Кӯлоб Ташрифзода Мунаваршо ифтитоҳ намуда, оид ба моҳияти саводнокии молиявии аҳолӣ, зарурияти баланд бардоштани сатҳи он дар назди ҳозирин баромад кард.
Дар идомаи кори форум муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон Гулбаҳор Назирӣ дар бораи иҷрои корҳо ҷиҳати татбиқи ҳадафҳои пешбини намудаи “Стратегияи миллии фарогирии молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026” ва нақши саводнокии молиявӣ дар рушди низоми бонкии мамлакат суханронӣ намуд.
Дар ин раванд як зумра мутахассисони соҳаи бонкӣ, соҳибкорони муваффақ ва намояндагони ширкатҳои дохилию хориҷӣ дар мавзуъҳои гуногун вобаста ба саводнокии молиявӣ андешаҳои худро иброз доштанд.
Аз ҷумла, Фурқат Раҳматов – муовини сардори идораи пардохтии Бонки миллии Тоҷикистон дар мавзуи “Моҳият ва бартариятҳои рақамикунонии пардохтҳо”, Зарина Бобоалиева – мушовири лоиҳаи Осиёи Марказӣ оид ба фарогирии молияӣ дар мавзуи “Таъсири меъёрҳои иҷтимоӣ ба рафтори молиявӣ”, Ҳалим Мирзоалиев – директори департаменти мониторинги молиявии Бонки миллии Тоҷикистон дар мавзуи “Пешгирии амалҳои қаллобӣ дар низоми молиявӣ”, Бобурхон Бобоев – муовини сардори идораи назорати суғуртавии Бонки миллии Тоҷикистон дар мавзуи “Низоми суғурта дар Ҷумҳурии Тоҷикистон: инфрасохтор, дурнамои рушд ва вазъи кунунӣ” маърӯзаҳои пурмуҳтавои худро тариқи рӯнамо баромад намуданд.
Бо мақсади ҷолибу гуворо гузаштани форуми “Саводнокии молиявӣ” ҳаҷвнигорони шинохта, гурӯҳи “Ғарибшо кампания” дар чорабинӣ дар мавзуи молия ва қарз саҳначаҳои ҳаҷвӣ намоиш дода, хотири ҳозиринро шод намуданд.
Қобили қайд аст, ки дар анҷоми қисмати назариявии форум миёни иштирокчиёни он саволу ҷавоб сурат гирифт ва ба фаъолон туҳфаҳои хотиравӣ, ки аз ҷониби шарикони рушд пешниҳод гардида буданд, тақдим карда шуд.
Дар қисмати дигари форум дар саҳни Донишгоҳ “Намоиши маҳсулоти молиявӣ ва суғуртавӣ” баргузор гардид, ки дар он ташкилотҳои қарзии молиявӣ, суғуртавӣ ва соҳибкорони инфиродӣ маҳсулоти молиявӣ ва истеҳсолии худро ба маърази иштирокчиён гузоштанд.
Маврид ба зикр аст, ки дар ҷараёни намоиш дар саҳни Донишгоҳ намояндагони ташкилотҳои қарзӣ ва суғуртавӣ барои иштирокчиён бозиҳои зеҳнӣ ташкил карданд ва ба ғолибон туҳфаҳои қимматбаҳо тақдим намуданд.