,
Якшанбе, 22-декабр
Санаи 14-уми декабр дар факултети филологияи тоҷик ва журналистикаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дарси кушоди Назиров Мадалӣ, муаллими калони кафедраи адабиёти тоҷик дар мавзуи “Паремиологияи фолклори тоҷик” дар гурӯҳи таълимии 402-и ихтисоси забон ва адабиёти тоҷик баргузор гардид.
Дар дарс номзади илмҳои филологӣ, дотсент, мудири кафедраи адабиёти тоҷик Холиқова Зайналбӣ, муаллими кафедраи забоншиносӣ ва таърихи забон Қаюмова Мубина ва донишҷӯён ширкат варзиданд.
Нахуст, дарсро муаллим Назиров Мадалӣ оғоз намуданд. Ҳангоми рафти дарс муаллим доир ба Паремиологияи фолклори тоҷик сухан ронда қайд карданд, ки дар илми фолклоршиносӣ барои ифодаи жанрҳои нисбатан хурд истилоҳи "паремия" ва он бахши фолклоршиносӣ, ки паремияҳоро меомӯзад, истилоҳи "паремиология" қабул шудааст. Худи "паремия" вожаи юнонӣ буда, маънояш "ифода" ва ё "баён" мебошад. «Паремияҳо - ифодаҳои устувори шифоҳист, ки бо якҷумла ё бештар баён мешаванд» Ба навъҳои паремиологӣ асосан зарбулмасал, мақол, байт, чистон, шугун, дуо, панд, қасам, дашном, таъбири хоб, маслиҳат, валеризмҳо, тезгӯяк, луқма, киноя ва монанди инҳо дохил мешаванд.
Сипас, донишҷӯёни гурӯҳи таълими мазкур Раҷабзода Манижа, Назарзода Меҳрангез, Абдураҳмонова Ганчина, Асоева Раҳмия ва дигарон дар бораи навъи жанрҳои паремиологияи фолклори тоҷик маълумот доданд.
Инчунин ҳангоми дарс муаллим миёни донишҷӯён саволу ҷавоб гузаронид. Ҳамзамон донишҷӯён дар навбати хеш фаъоли намуда, ба ҳамаи саволҳои додаи муаллим ҷавобҳои мушаххас гардониданд.