, Панҷшанбе, 02-май

БАРГУЗОРИИ ОЗМУНИ «ТАВЛИДИ ИДЕЯ» ДАР ДОНИШГОҲ

 13.12.2023 8

БАРГУЗОРИИ ОЗМУНИ «ТАВЛИДИ ИДЕЯ» ДАР ДОНИШГОҲ

Санаи 13.12.2023 дар бинои асосии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ аз ҷониби намояндаи ташкилоти “GOOD NEIGHBORS”  оид ба муаррифии платформаи таҳияшуда дар доираи лоиҳаи “Таҳким ва баланд бардоштани сатҳи огоҳии насли ояндаи тоҷик оид ба техногологияи рақамӣ-инклюзивӣ”, ки аз ҷониби Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон маблағгузорӣ мешавад, озмуни “Тавлиди идея” баргузор гардид.

Дар озмуни мазкур муовини ректор оид ба муносибатҳои байналмилалӣ Худойдодова Шарофат, сардори шуъбаи муносибатҳои байналмилалӣ Орифов Орзу,  намояндаи шуъбаи ташкилоти “Good Neighbors International” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Собирҷони Абдуллозода,  ҳамоҳангсози лоиҳа дар донишгоҳ Қурбонова Умеда, омӯзгорон ва донишҷӯёне, ки дар курсҳои бозомӯзӣ ва тренингҳои лоиҳа ширкат варзида буданд, иштирок карданд.

Мақсад аз баргузории озмун дастгирии хонандагон ва донишҷӯён оид ба ташуккули малакаҳои рақамӣ, такмил додани маводи таълимӣ ва бартараф кардани монеаҳо дар роҳи таҳсил барои кӯдакон ва ҷавонони дорои маъюбият тавассути рафъи монеаҳои фаврӣ барои дастрасӣ ба таҳсил ва эҷоди муҳити мусбӣ ба ҳисоб меравад.

Қайд кардан ба маврид аст, ки дар озмун 6 лоиҳаи инноватсионӣ пешниҳод гардида, аз ин се лоиҳаи инноватсионӣ ғолибият ба даст оварда, роҳбарони лоиҳаҳо бо ноутбук қадрдонӣ карда шуданд:

  1. Бобоев Худобахш-донишҷӯи факултети таърих, ҳуқуқ ва муносибатҳои байналмилалӣ;
  2. Раҷабов Манучеҳр-донишҷӯи факултети молиявию иқтисодӣ;
  3. Ҷумъахонзода Ҷамшед-донишҷӯи факултети омӯзгорӣ ва фарҳанг.



Ба рӯйхат

*/