Санаи 9.12.2023 дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бо ташаббуси Раёсати Донишгоҳ бо мақсади таъмини иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» ва Рӯзи байналмилалии мубориза бо коррупсия байни омӯзгорону донишҷӯён корҳои ташвиқотию тарғиботӣ гузаронида шуд.