, Ҷумъа, 27-декабр

БАРГУЗОРИИ ДАРСИ БИНАРИИ ТАРБИЯВӢ ДАР МАВЗУИ “ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН-ҲИЗБИ СОЗАНДАЮ БУНЁДКОР”

 08.12.2023 219

БАРГУЗОРИИ ДАРСИ БИНАРИИ ТАРБИЯВӢ ДАР МАВЗУИ “ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН-ҲИЗБИ СОЗАНДАЮ БУНЁДКОР”

Санаи 8-уми декабри соли 2023 дар гурӯҳи таълимии 210-и ихтисоси “Иқтисоди ҷаҳон”-и факултети молиявию иқтисодии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бахшида ба истиқболи 29-умин солагарди Рӯзи таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Мирсаидов Муҳаммаднаим Негматович, сарпарасти гурӯҳ, дотсенти кафедраи назарияи иқтисодии Донишгоҳ ва Дилноза Шоева, мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб дар бинои Кумита дарси бинарии тарбиявӣ баргузор гардид. Мавзуи дарси бинарии тарбиявӣ «ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН-ҲИЗБИ СОЗАНДАЮ БУНЁДКОР» муаррифӣ гардида, сараввал ба донишҷӯён сохтор ва тартиби  фаъолияти кории Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб шинос карда шуда, сипас дар мизи гирд ба донишҷӯён доир ба таърихи таъсисёбии ҲХДТ, нақши раиси муаззами ҳизб, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти созандагию бунёдкорӣ ва эъмори давлати миллӣ маълумот дода шуд.

Таъкид гардид, ки баргузории чунин дарсҳои бинарии тарбиявӣ дар тарбияи маънавӣ ва баландбардории сатҳи донишҳои сиёсии донишандӯзон нақши муассир дошта, дар роҳи тарбияи ватандӯстии насли наврасу ҷавон мусоидат хоҳад кард.




Ба рӯйхат