,
Якшанбе, 22-декабр
Дар факултети филологияи тоҷик ва журналистикаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ санаи 07.12.2023 маҳфили ҷамъияти илмии донишҷӯёни факултет баргузор гардид.
Дар маҳфил ҷонишини декан оид ба тарбия дар факултет Назиров Мадалӣ, номзади илмҳои педагогӣ, дотсенти кафедраи забони муосири рус Гиёев Абдуназар, сардори Маркази рушди касбияти донишгоҳ Иззатов Умедҷон, мудири кафедраи журналистика Алишери Абдулмаҷид, раиси ҷамъияти илмии донишҷӯёни донишгоҳ Давлатов Камолиддин, раисони ҷамъияти илмии донишҷӯёни донишгоҳ ва ҳайати омӯзгорону донишҷӯёни факултет иштирок доштанд.
Сараввал, ҷонишини декан оид ба тарбия Назиров Мадалӣ суханронӣ намуда, маҳфилро ҳусни оғоз бахшид.
Сипас, Нуриддинзода Моҳрӯ - донишҷӯи курси 4-уми ихтисоси забон ва адабиёти тоҷик дар мавзуи "Калимаҳои аслан тоҷикӣ ва иқтибосӣ дар забони адабии ҳозираи тоҷик", зери роҳбарии ассистенти кафедраи забоншиносӣ ва таърихи забон Ситораи Абдурасул, Амируллозода Ҷаҳонгир - донишҷӯи курси 3-юми ихтисоси рӯзноманигорӣ дар мавзуи "Таъсири ВАО ба раванди сиёсии ҷомеа", зери роҳбарии муаллими калони кафедраи журналистикаи факултет Алишери Абдулмаҷид ва Сайдаҳмадзода Марям - донишҷӯи курси 2-юми ихтисоси рӯзноманигорӣ дар мавзуи “Мусоҳиба ва навъҳои он” маърӯзаҳои худро ироа намуданд.
Дар бахши музокирот миёни иштирокчиён ва баромадкунандагон вобаста ба мавзуъҳои баррасишуда мубодилаи афкор сурат гирифт.