, Шанбе, 12-октябр

ТАҶЛИЛ АЗ РӮЗИ БАЙНАЛМИЛЛАЛИИ МАЪЮБОН ДАР ДОНИШГОҲ

 02.12.2023 214

ТАҶЛИЛ АЗ РӮЗИ БАЙНАЛМИЛЛАЛИИ МАЪЮБОН ДАР ДОНИШГОҲ

Дар ҷаҳони муосир ҳамасола 3-юми декабр ҳамчун рӯзи  байналмиллалии маъюбон  таҷлил карда мешавад. Таҷлили рӯзи мазкур бар асоси Эъломияи 47/3 Ассамблеяи  Генералии Созмони миллали муттаҳид, ки тибқи он рӯзи  3-юми  декабрро  «Рӯзи байналмиллалии  маъюбон» эълон  доштааст, доир мегардад.

Мутобиқ ба асноди мазкур аз соли 1992 инҷониб дар тамоми кишварҳои аъзои ин созмони бонуфуз, аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки узви комилҳуқуқи он мебошад, 3-юми декабр низ ҳамчун Рӯзи байналмилалии маъюбон ҷашн гирифта мешавад.

Дар робита ба ин бо мақсади дастгириву ҳавасмандгардонии ин қишри ҷомеа санаи 02.12.2023 дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи байналмиллалии маъюбон чорабинии фарҳангӣ -фароғатӣ баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур ректори донишгоҳ, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Раҳмон Дилшод Сафарбек, муовинони ректор, ҳайати омӯзгорон ва дигар шахсони масъул иштирок доштанд.

Дар рафти баргузории чорабинӣ  ректори донишгоҳ, профессор Раҳмон Дилшод Сафарбек суханронӣ намуда, аз дастгириву ғамхориҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии хирадмандонаву оқилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба шахсони имконияташон маҳдуд ёдовар шуд. Ҳамчунин таъкид доштанд, ки одамони имконияташон маҳдуд дар Тоҷикистони азизи мо ҳамеша таҳти сарпарастии бевоситаи  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, дар самти ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои ин қишри ҷомеа тадбирҳои мушаххасу самарбахш андешида мешавад.

Ҳамчунин муовини ректор оид ба муносибатҳои байналмилалӣ, дотсент Худойдодова Шарофат баромад намуда, иброз доштанд, ки дар заминаи тадбирандешиҳо ҳукумати кишвар шахсони дорои маъюбият дар кишвар аз тамоми ҳуқуқҳо бархӯрдоранд. Ҳуқуқу манфиатҳои шахсони маъюбиятдоштаро Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳифзи иҷтимоии маъюбон” ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба танзим медароранд.

Дар ин рӯз аз ҷониби роҳбарияти донишгоҳ ҳамчун рамзи парасториву рафоқат ва дастгириву ҳавасмандгардонии онҳо ба донишҷӯёни имконияташон маҳдуд дастархони идона ороста шуда, ҳамзамон ба онҳо кумакҳои пулӣ расонида шуд.

Дар интиҳои чорабинӣ кормандони ансамбли “Наво”-и назди Хонаи маданияти донишгоҳ барномаи фарҳангӣ-фароғатии омоданамудаи худро пешкаши ҳозирин намуданд.

Мавриди зикр аст, ки волидону пайвандони шахсони имконияташон маҳдуд аз ин ҳама таваҷҷуҳу дастгириҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯҳбаланд гардида, бо шукргузорӣ аз ҳаёти осоиштаву шароиту имкониятҳои мавҷуда, ба роҳбарияти олии кишвар изҳори сипосу миннатдорӣ баён намуданд.




Ба рӯйхат