,
Сешанбе, 15-октябр
Санаи 02.12.2023 дар факултети омӯзгорӣ ва фарҳанги Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дарси кушод аз ҷониби муаллими калони кафедраи психология Давлатова Малоҳат дар мавзуи “Механизмҳои физиологии таъсиррасонӣ ба ҳамсӯҳбат” дар гурӯҳи таълимии 408-и ихтисоси равоншиносӣ бо иштироки аъзоёни кафедра гузаронида шуд.
Сараввал, муаллим Давлатова Малоҳат дарсро оғоз намуда, оид ба якчанд механизм ва омилҳои таъсиррасонӣ ба ҳамсӯҳбат суханрони намуданд.
Сипас, донишҷӯён дар бораи ташакулёбии механизмҳои физиологӣ, таъсир ва хусусиятҳои нотакрори психикию физиологии фард маърӯзаҳо намуданд.
Ҳамчунин дар рафти дарс миёни донишҷӯён ва муаллим саволу ҷавоб сурат гирифт. Дар маҷмӯъ, дарс дар сатҳи хуб гузашт ва донишҷӯён тавонистанд, ки доир ба мавзуъ маълумоти заруриро аз худ кунанд.