,
Панҷшанбе, 21-ноябр
«Мо бояд ватандӯсту ватанпараст бошем ва ҳаргиз фаромӯш насозем, ки эҳсоси гарми ватандӯстӣ ва ҳисси баланди миллӣ омили асоситарин ва роҳи муҳимтарини рушди давлат ва ҷомеа мебошад».
Эмомалӣ Раҳмон
Бо мақсади дар амал татбиқ намудани сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии оқилонаву хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санаи 29 ноябри соли равон дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-назариявӣ дар мавзуи «Тарбияи идеявӣ - сиёсии ҷавонон омили муҳими мустаҳкам намудани арзишҳои миллӣ дар ҷомеаи демократӣ» баргузор гардид.
Дар конфронс ректори донишгоҳ, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Раҳмон Дилшод Сафарбек, муовини ректор оид ба илм ва инноватсия, дотсент Рафиев Сафархон, муовини ректор оид ба муносибатҳои байналмилалӣ, дотсент Шарофат Худойдодова, доктори илмҳои сиёсӣ, профессори кафедраи сиёсатшиносии донишгоҳ Назарзода Пиралӣ, номзади илмҳои сиёсӣ, дотсент, мудири кафедраи сиёсатшиносии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Саидзода Шуҳрат, номзади илмҳои таърих, дотсент, муовини ректор оид ба илм ва инноватсияи Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб Исоев Собир ва ҳайати профессорон, омӯзгорон ва донишҷӯёни донишгоҳ иштирок доштанд.
Ректори донишгоҳ, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Раҳмон Дилшод Сафарбек зимни ироаи сухани ифтитоҳӣ профессорону кормандони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишварро ба донишгоҳ хайрамақдам гуфта, ҷиҳати иштирок ба онҳо изҳори сипосу миннатдорӣ баён намуда, таъкид доштанд, ки “Таваҷҷуҳ ва тадбирандешӣ дар самти тарбияи ватандӯстии ҷавонон аз мо масъулияти ҷиддиро талаб менамояд, зеро шароити кунунии ҷаҳони тағйирёбанда, ки ба ҷомеаи башарӣ таъсири манфии худро расонида истодааст, ҷавонон низ ҳамчун қисми осебпазир аз таъсири манфии ин раванд эмин буда наметавонанд. Аз ин рӯ, тамоми шохаҳои ҳокимият дар баробари он эҳсоси масъулият намуда, дар ин росто фаъолияти густурдаеро рӯйи кор гирифтаанд”.
Зикри ин нукта муҳим ва саривақтӣ мебошад, ки тарбияи ватандӯстӣ рукни асосии сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, заминаҳои меъёрии ҳуқуқии худро ҳанӯз аз қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (соли 1994) мегирад” Воқеан тарбияи идеявӣ-сиёсии ҷавонон ҳамчун омили муҳимми мустаҳкам намудани арзишҳои миллӣ дар ҷомеаи демократӣ яке аз масъалаҳои муҳимтарин ва мубрами ҷомеа ба шумор меравад.
Дар зимн муовини раиси шаҳри Кӯлоб Орзу Ҳамидиён ба сухан баромада, иқдомоти раёсати донишгоҳро дар ташкилу баргузории конфронсҳои сатҳи баланд муҳим арзёбӣ намуда, доирнамоии ҳамоишҳову шабнишиниҳои илмиро дар роҳи тарбияи ватандӯстиву хештаншиносии ҷавонон аз омилҳои муҳим арзёбӣ намуд.
Дар ҷаласаи ифтитоҳии конфронс олимону муҳаққиқон аз муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар, профессорон ва устодону донишҷӯёни донишгоҳ иштирок намуданд.
Дар қисмати пленарии конфронс 5 маърӯза аз ҷониби олимони донишгоҳ ва дигар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар, аз ҷумла Назарзода Пиралӣ, доктори илмҳои сиёсӣ, профессори кафедраи сиёсатшиносии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дар мавзуи “Нақши муаллимони фанҳои ҷомеашиносӣ дар ташаккули тарбияи идеявӣ-сиёсии ҷавонон”; Саидзода Шуҳрат, номзади илмҳои сиёсӣ, дотсент, мудири кафедраи сиёсатшиносии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар мавзуи “Ватандӯстӣ ва ифтихори миллии ҷавонон: роҳҳои ташаккул ва инкишофи он дар шароити Ҷумҳурии Тоҷикистон”; Исоев Собир, номзади илмҳои таърих, дотсент, муовини ректор оид ба илм ва инноватсияи Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб дар мавзуи “Ташаккули тарбияи сиёсии ҷавонон омили таҳкими давлатдории миллӣ” пешниҳод ва мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Зимни ироаи маърӯзаҳо масъалаҳои муҳимми илмҳои иҷтимоӣ ва гуманитарӣ дар замони муосир, истиқлолият, демократия ва ҷавонон, ташаккули тарбияи идеявӣ - сиёсии ҷавонон, тарбияи ватандӯстӣ, ҳисси ифтихори миллӣ, худшиносӣ ва худогоҳии хонандагон ва ҷавонон, ҳифз ва ташаккули истиқлолият ва арзишҳои миллӣ дар ҷомеаи демократӣ, масъалаҳои ташаккули корҳои идеологӣ ва сиёсӣ дар байни ҷавонон, нақши мақомоти ҳокимияти давлатӣ, иттифоқҳои ҷавонон, занон ва ВАО дар равнақи кори идеологӣ – сиёсӣ дар байни ҷавонон мавриди омӯзиш ва таҳқиқи доираи васеи олимони кишвар қарор дода шуд.
Дар фарҷоми қисмати пленарии конфронс изҳори умед карда шуд, ки маърӯза ва мақолаҳои баррасишаванда дар ташаккул ва тарбияи идеявӣ-cиёсии ҷавонон саҳми бориз мегузоранд.
Конфронс кори худро баъд аз ҷаласи ифтитоҳӣ тибқи барнома дар қисмати 2-юми рӯз дар ду бахш: Бахши I: Масъалаҳои ташаккули тарбияи идеявӣ-сиёсии ҷавонон дар замони муосир; Бахши II: Масъалаҳои ҳифз ва ташаккули арзишҳои миллӣ дар ҷомеаи демократӣ ба роҳ монда, дар он зиёда аз 55 маърӯза бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ дар шакли ҳузурӣ ва ғоибона (маҷозӣ) мавриди баррасӣ қарор дода шуд.