,
Якшанбе, 22-декабр
25 ноябр дар факултети филологияи тоҷик ва журналистикаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ маҳфили навбатии “Рӯзноманигори ҷавон” баргузор гардид.
Дар маҳфил декани факултет, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Зулфиев Гадомад, мудири кафедраи журналистика Алишери Абдулмаҷид ва дигар омӯзгорону донишҷӯёни риштаи рӯзноманигорӣ ширкат варзиданд.
Нахуст, мудири кафедра Алишери Абдулмаҷид суханронӣ намуда, маҳфилро ҳусни оғоз бахшиданд. Сипас, декани факултет Зулфиев Гадомад баромад намуда, оиди пешбурди кори маҳфил ибрози андеша намуданд.
Баъдан, Сайдаҳмадзода Марям, донишҷӯи курси дуюми ихтисоси рӯзноманигорӣ дар мавзуи “Рӯзноманигории минтақавӣ: хусусиятҳои ҳамкори бо мақомоти маҳаллӣ” ва донишҷӯи курси сеюми ҳамин ихтисос Амируллозода Ҷаҳонгир дар мавзуи "Як паҳлуи сабку услуби эҷодиёти устод Садриддин Айнӣ" баромад намуданд.
Бояд зикр кард, ки маърӯзаҳое, ки дар маҳфили номбурда ироа мегарданд, муҳим ва саривақтӣ буда, донишҷӯёнро ба фикр кардан ва ислоҳи камбудиҳое, ки дар фаъолияти рӯзноманигориашон ба вуқуъ меоянд, водор месозад.