,
Сешанбе, 10-декабр
Қабули Парчами давлатӣ ба таҳкими ҳисси баланди миллӣ, сатҳи худшиносиву худогоҳии мардуми Тоҷикистон мусоидат намуд. Дар солҳои нахустини соҳибистиқлолӣ – замоне ки мо ба эъмори давлати навини худ шурӯъ намудем, парчами давлати тозаистиқлоламон барои шинохти асолати миллӣ, эҳёи суннатҳои давлатдорӣ ва сарҷамъу муттаҳид намудани кулли сокинони мамлакат нақши меҳварӣ бозид. Роҷеъ ба ин мавзуъ имрӯз дар факултети филологияи руси Донишгоҳи давлатиии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ мизи мудаввар дар мавзуи “Парчами миллӣ-рамзи соҳибистиқлолӣ” бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ифтитоҳи толори Шурои олимони факултет баргузор гардид.
Дар чорабинӣ ректори донишгоҳ доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Раҳмон Дилшод Сафарбек ва аҳли раёсат иштирок намуданд. Нахуст ректори донишгоҳ суханронӣ намуда, ҳозиринро ба муносибати Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик ва муборакбод намуданд.
Зимни суханронӣ профессор Раҳмон Дилшод Сафарбек қайд намуданд, ки созандагӣ ҳадафи аввалиндараҷаи роҳбарияти донишгоҳ ба шумор рафта, ният дорем, ки ободкориву созандагӣ оянда низ идома ёбад. Аз ҷумла, зикр карданд: “Кӯшиш мекунем, ки аз сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон илҳом гирифта, баҳри гул-гулшукуфоии Ватани азизамон камари ҳиммат бандем”.
Сипас, мушовири ректор, дотсент Изатуллоев Куган дуои хайр дода, ин иқдомро шоёни таҳсин хондан ва таъкид доштанд, ки ин толор танҳо ва танҳо барои пешрафти илм истифода шавад.
Ҳамзамон номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Ҳалимова Савронбӣ, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Алиев Ҷумъахон, номзади илмҳои филологӣ Гиёев Абдуназар баромад намуданд.
Маврид ба зикри хос аст, ки дар доираи чорабиниҳо бахшида ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли ҷорӣ 7 толори Шурои олимон низ дар факултетҳои донишгоҳ ифтитоҳ ва мавриди истифодабарӣ қарор дода шудааст.