,
Ҷумъа, 27-декабр
Парчами миллӣ яке аз рамзҳои муҳими Истиқлолияти миллӣ ва давлатдории муосири мо, таҷассумгари асосҳои таърихӣ ва рамзҳои давлатдории гузаштаи тоҷикон, инчунин ифодакунандаи мақсаду маром ва орзуву ормонҳои тамоми мардуми Тоҷикистон мебошад. Ин матлаб имрӯз дар конфронси ҷамъияти илмии донишҷӯёни донишгоҳ ба муносибати 31-умин солгарди Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони “Парчам - рамзи ваҳдат ва ягонагии миллат” бо ташаббуси факултети иқтисод ва идораи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ баргузор гардид, шунида шуд.
Дар конфронс муовини ректор оид ба илм ва инноватсия, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Рафиев Сафархон, декани факултет, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Расулова Лутфия, раиси ҷамъияти илмии донишҷӯёни донишгоҳ Давлатов Камолиддин ва дигар омӯзгорону донишҷӯёни донишгоҳ иштирок доштанд.
Нахуст, муовини ректор оид ба илм ва инноватсия, дотсент Рафиев Сафархон суханронӣ намуда, ҳозиринро ба ин ҷашни миллӣ, ки таҷассумгар ва эътирофкунандаи миллату давлати тоҷикон дар арсаи байналмилалӣ мебошад табрик намуд.
Дар қисмати илмии чорабинӣ донишҷӯён оид ба таърихи парчамдории тоҷикон, қабули рамзҳои давлатӣ, аз ҷумла Парчам дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон, нақши Парчам дар муаррифии давлату миллат, Парчам ҳамчун рамзи сарбаландии халқ ва дигар мавзӯҳои вобаста ба Парчами давлатӣ ба ҳозирин маълумот доданд.
Дар рафти чорабинӣ аз мақому манзалати Парчам ёдоварӣ намуда таъкид гардид, ки Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шукӯҳу шаҳомати худ сарбаландии мардуми кишвари соҳибтамаддунамонро ифода намуда моро ба ояндаи дурахшон ҳидоят мекунад. Ва ҳар як ранги дар Парчам тасвир шуда аломати худро доро буда баёнгари роҳи тайнамудаи давлатдорӣ, орзӯю ормонҳои халқ мебошад.