,
Шанбе, 23-ноябр
Санаи 23.11.2023 дар факултети филологияи тоҷик ва журналистикаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ аз ҷониби мудири кафедраи адабиёти тоҷик, номзади илми филологӣ, дотсент Холиқова Зайналбӣ дар мавзуи “Парчам - нишон аз истиқлолияту озодӣ” дар гурӯҳи 302-и ихтисоси забон ва адабиёти тоҷик баргузор гардид.
Дар дарс доктори илмҳои филологӣ, дотсенти кафедраи адабиёти тоҷик Ашӯрова Нодира, муовини декан оид ба таълим, номзади илмҳои филологӣ Шамшоди Ҷамшед, ассистенти кафедраи адабиёти тоҷик Валиева Муборак ва дигар омӯзгорону донишҷӯён иштирок доштанд.
Нахуст дарсро дотсент Холиқова Зайналбӣ оғоз намуда, Парчамро ҳамчун рамзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дӯстиву бародарии ҳамаи миллатҳо, рамзи зиндагии ором, сулҳу осоиш ва талош ба хотири ҳаёти арзанда, рамзи соҳибихтиёрию соҳибдавлатӣ муарифи намуд.
Ҳамзамон қайд карданд, ки “Парчам дар фаъолияти давлатдорӣ, аз он ҷумла, дар гузаронидани чорабиниҳои расмию ғайрирасмии сиёсию фарҳангӣ, варзишӣ, ҳамчунин дар муносибатҳои байналмилалӣ ва дар ҳаёти ҳаррӯзаи ҳар як фарди ҷомеа мавқеъ ва нақши хоси худро доро мебошад”.
Инчунин ҳангоми дарс муаллима ба донишҷӯён саволҳо дода, донишҷӯён ба суолҳои додаи муаллима посухҳои мушаххас гардониданд ва ҳамчунин аз ашъори шоири ширинкалом Хайрандеш порчаҳои назмӣ бо номи Парчами миллат шеърҳо қироат намуданд.
Дар охир дотсент Ашурова Нодира ва Шамшоди Ҷамшед суханронӣ намуда дарси муаллимаро хуб баҳогузори намуданд ва таъкид карданд, ки чунин дарсҳо бояд бештар гузаронида шаванд.